- Худованд дар сураи Раҳмон ояти 19 ва 20 мефармояд: Ду дарёро ба гунае равон кард, ки бо ҳам бархӯрд кунанд. Миёни ду ҳад фосилаест, ки бо ҳам омехта нашаванд. Ин оят ба мо хабар медиҳад, ки баҳрҳо бо вуҷуди тамоми тӯфонҳо ва мавҷҳои бузург ба ҳамдигар омехта намешаванд. Олими баҳршиноси фаронсави капитан Жак Ив Кусто натиҷаҳои тафтишоти худро дар бораи монеаи ин обҳо чунин шарҳ медиҳад: “Мо дидем, ки Баҳри Миёназамин дорои хусусияти табиӣ, шиддатнокӣ ва зиччӣ мебошад. Сипас хусусиятҳои оби баҳри атлантикаро дидем, ки аз оби Баҳри миёназамин батамом фарқ мекард. Ҳангоми тадқиқот мо дидем, ки миёни ин ду баҳри ҳамроҳ ҷоришуда пардае вуҷуд дорад, ки ба якдигар ҳаргиз омехта намешаванд. дар минтақаи Боб ал Мандаб ҳам оби халиҷи Адан бо Баҳри Сурх бармехӯранд, омезиш намеёбанд. Ин кашфиёти бузурги илмӣ аз тарафи олимони олмонӣ соли 1962 мушоҳида шудааст. Дар сураи Фурқон ояти 53 низ чунин омадааст: Ва Ӯст, ки ду дарёро мавҷзанон ба сӯйи ҳам равон кард. ин яке ширину гуворо ва дигаре шӯру талх аст. Ва миёни он ду монеа ва ҳарими устувор қарор дод.” Ҳаргиз номумкин аст, ки ҳанӯз 1400 сол қабл инсоне аз ин ҳама улуми бузурги асри имрӯза хабардор бошад. Қуръон бешак китоби осмонист.
- Оё хабар доред, ки дар бораи нефт ва тарзи пайдоиши он ҳанӯз дар асри 7-ум дар Қуръони маҷид оятҳо нозил шуда буданд. Сураи 87-ум дар панҷ ояти аввал чунин маъноро дорад : “ Номи парвардигори баландмартабаатро ба покӣ ёд кун. Ҳамоне, ки офарид ва пас дурусту устувор сохт. Ҳамоне, ки андозагирӣ карду пас ҳидоят намуд. Касе, ки чарогоҳҳоро рӯёнид. Сипас онро хушконид ва сиёҳ кард.” Дар илм маълум аст, ки пайдоиши нефт аз пӯсидану сиёҳ шудани ҳафриёти рустаниҳои марғзору ҷангалҳо, микроорганизмҳо ва ҷонваракони мурдаи обист. Дар ҳолати бисёр истодан ба як моеи сиёҳи сабзтоб мубаддал мешаванд, ки даргиранда, яъне сӯзишвориянд.
↧
Оиди нефт дар Қуръон
↧