Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳалокати чор нафар аз паи шӯриш дар зиндони Кобул

$
0
0

Дар зиндони Пули Чархӣ, калонтарин зиндони Кобули Афғонистон дар натиҷаи бетартибиҳо 4 нафар маҳбусон ҳалок ва 13 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора хабаргузории чинии Xinhua иттилоъ дод.

Тибқи манбаъ, пас аз нисфирӯзии 14-уми апрел, ҳангоми санҷишу аз назаргузаронӣ ҷанҷолу задухӯрдҳо ба амал омадааст, ки дар ҷараёни он як гурӯҳи маҳбусон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамла кардаанд.

Ҳангоми  задухӯрд 20 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ҷароҳат бардоштанд. Зиндониён талош кардаанд, ки аз дасти кормандони пулис силоҳашонро кашида гиранд, аз ин рӯ, ба посбонон лозим омадааст, ки ба ҳаво тир кушоянд.

Пули Чархӣ зиндони маъруф ва бузургтарин дар Афғонистон аст. Он барои адои ҷазои ҷинояткорони махсусан хатарнок таъин шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>