Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Директори Агентии нафақа нафақахур шуд

$
0
0

Сафаралӣ Наҷмудинов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Тавре хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст, бо қарори ҳукумат Дилмурод Давлатзода директори нави  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъин шуд.

Ҳамчунин муовини аввал ва муовини Сафаралӣ Наҷмудинов  аз мансабҳояшон барканор ва ба кори дигар гузаштанд.

Дар вохӯрии санаи 10 май бо кормандони мақомоти андозу гумрук ва молия президенти Тоҷикистон аз фаъолияти раҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа норозигӣ изҳор намуд.

Президент шахсан Наҷмудиновро сарзаниш кард, ки бо чунин таҷрибаи бузург дар мақомоти молия ба камудиҳо дар кори идоракунии Агентӣ роҳ додааст.

Сафаралӣ Наҷмудинов солҳои аз 2000-ум то соли 2013 дар вазифаи вазири молияи Тоҷикистон кор карда, баъдан то ин замон директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>