Як мансабдори боздоштгоҳи рақами 9/5-и шаҳри Истаравшани Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба иттиҳоми ришвахӯрӣ боздошт шуд.
Дафтари матбуотии Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар ин бора хабар дода навиштааст, кормандони ин ниҳод, майор Алишер Алибоев, муовини сардори боздоштгоҳи рақами 9/5-и шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро ҳангоми ришвагирӣ аз як шаҳрванд ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ боздошт карданд.
Ин муомила дар ҳудуди ноҳияи Истаравшан рух дода, майор Алибоев дар ивази дарёфти ришва ваъдаи мусоидати ғайриқонунӣ ба як зиндониро додааст.
Ин зиндонӣ аз пайвандони ришвадиҳанда будааст.
Алайҳи Алишер Алибоев парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.