Дар Тоҷикистон содирот камтар ва воридот бештар мешавад. Воридоти молҳо нисбат ба содироти онҳо беш аз се маротиба бештар аст.
Тибқи маълумоти Агентии омори кишвар, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ воридоти молҳо
беш аз $1 млрд 15 млн.-ро ташкил додааст. Содироти молҳои Тоҷикистон бошад дар ин муддат ҳамагӣ ба маблағи $320 млн. будааст, ки нисбат ба воридот 3,2 маротиба камтар аст.
Дар январ-апрели соли ҷорӣ Тоҷикитсон воридоти молҳоро ба маблағи
$51 млн афзоиш додааст, ки 5,3% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст. Содирот бошад ба маблағи $12 млн ё 3,6% камтар шудааст.
Ҳаин тавр тавозуни савдо манфӣ буда, $695 млн.-ро ташкил додааст.
Дар умум тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 4 моҳи соли ҷорӣ беш аз $1,3 млрд-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1% ё ҳудуди $40 млн бештар аст.
Тоҷикистон дар ин давра бо 97 кишвар доду гирифт кардааст.
Шарикони аслии тиҷории кишвар ҳамоно Русия (ҳаҷми савдои дуҷониба $332 млн), Қазоқистон ($277) ва Чин ($180 млн) боқӣ мемонанд.