Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Иқдоми сутудании гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”

$
0
0

Гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” маъракаи хайрхоҳонаи ҷамъоварии кӯмакпулиро ба хонаводаи Гулбегим Раҳмонова, ки чанде пеш дар Русия фавтида буд ва аз ӯ ду фарзанди хурдсол боқӣ монд, роҳандозӣ кардааст.

Ин маърака, тибқи гуфтаи масъули гурӯҳ Раҷаби Мирзо, бо дархости корбарон роҳандозӣ гардида, дар чанд минтақаи Тоҷикистон корбарони фаъоли гурӯҳ масъули ҷамъоварии маблағ шудаанд.

Ният дорем, ки пагоҳ пас аз нисфирӯз ҳама маблағҳои ҷамъшударо ҳамроҳ бо чанде намояндаҳои гуруҳ ба суроғаи муайяншуда расонем. Ному насаб ва маблағи фиристодаи Шумо низ ҳатман эълон мешавад” — навиштааст Раҷаби Мирзо.

Аммо аз навиштаи масъули гурӯҳ бармеояд, ки мардум дар ин кори хайр чандон фаъол нестанд: “Дар пойтахт дина ду нафар бо ман дар тамос шуду хайроти худро расониданд. Бо аксарият машварат кардем, ки пагоҳ, яъне рӯзи ҷумъа вомехӯрем. Мардум аз хориҷи кишвар фаъоланд ва ба унвонии ман маблағҳое фиристодаанд, ки эълон хоҳем кард. То ҳоло дар шаҳри Хуҷанд 1 нафар, дар Кӯлоб 2 нафар ба масъулин маблағҳое расонидаанд. Дар Бохтару Панҷакент, ки тибқи дархост нафаронеро масъул кардем, ҳоло нафаре муроҷиат накардааст. Ҳарчанд хелеҳо мехостанд дар ин маърака ширкат намоянд. Мушкили вақтро мефаҳмем ва низ шояд тартиби ҷамъоварии маблағ аз ҷониби мо чандон муваффақона нест, албатта агар ҳисоби бонкӣ е киви мешуд, беҳтар буд, вале вақт мехост”.

Худи Раҷаби Мирзо масъули ҷамъоварии маблағ дар Душанбе буда, дар минтақаҳо нафарони зерин ин кори хайрро ба дӯш гирифтаанд:

дар Хуҷанд бо Шахноза Маликзода бо рақами телефони 927592993;

дар Панҷакент Хуршед Фозилов бо рақами 926330300;

дар Кӯлоб — Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо рақами телефони 907036263;

дар Бохтар — Наргис Касимова бо рақами телефони 900 71 01 30.

Ҳамчунин Сайвали Саидов масъули ҷамъоварии маблағ дур Русия будааст. Рақами телефони Сайвали ин аст: +79775476195.

“Паём” ҳам аз хонандагонаш даъват мекунад дар маъракаи хайр дар ин моҳи муборак саҳим бошанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>