Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Беш аз 40 миллион маоши пардохтнашуда

$
0
0

Ҳаҷми умумии қарз аз ҳисоби маошҳои пардохтнашуда дар Тоҷикистон то 1 апрели соли ҷорӣ ба беш аз 40,2 ($4,2) миллион сомонӣ расидаст.

Гуфтанист, қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ дар ин давра 4 млрд. 613,3 млн. сомониро ($489,2 млн.) ташкил додааст, ки  80,5% аз ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ мебошад. Аз аввали соли ҷорӣ қарзи маош беш аз 1,7 миллион афзоиш ёфтааст.

Бешатрин қард дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ва сохтмон мебошад, ки ба беш аз 12,8 миллион сомонӣ расидааст. Дар соҳаи коркард 6,3 миллион, кишоварзӣ, шикор ва моҳидорӣ 3 миллион ва ғайра.

Тибқи маълумоти оморӣ поёнтарин маош дар соҳаи иқтисодӣ дар моҳи марти соли ҷориро кормнадони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ доштаанд — 586 сомонӣ.

Болотарин сатрҳи маош бошад ба соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок рост омада, беш аз 2,5 ҳазор сомниро ташкил додааст. Дар соҳаи коркард — 1,8 ҳазор сомонӣ.  

Дар соҳаи хидматрасонӣ маоши бештарро кормандони бонкҳо ва суғурта, алоқа, нақлиёт доранд.  Маоши онҳо мутаносибан 3,2 ҳазор сомонӣ, 2,4 ҳазор сомонӣ и 2 ҳазор сомониро ташкил додааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>