Субҳи имрӯз, 17 май дар Душанбе конфронси “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” баргузор шуд.
Дар кори конфронс раисҷумҳури Тоҷикистон, аъзои ҳукумат, муовини Дабири кулли СММ, Котиби генералии СҲШ, намояндагони САҲА, СААД, вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, муовини Котиби генералии Иттиҳоди Аврупо, коршиносони даҳҳо кишварҳои хориҷ иштирок карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс суханронӣ кард.
Паём нуктаҳои муҳими суханронии ӯро гирдоварӣ сохт.
Дар бораи терроризм
Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.
Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад.
Айни замон, падидаҳои терроризми байналмилалӣ ҳарчи бештар тақвият меёбанд, ки барои сарнавишти ҷаҳон хатари бузург аст.
Аъмоли мудҳиши террористиву экстремистии вақтҳои охир, аз ҷумла дар Афғонистон, Зеландияи Нав ва Шри-Ланка, баръало нишон доданд, ки террористону ифротгароён ватану миллат, дину мазҳаб надоранд.
Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рупӯш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд.
Вале дар асл мақсади онҳо дигар намудани сохти дунявии давлатдории кишварҳои минтақа буда, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мекунанд.
Таҷрибаи терроризм дар Тоҷикистон
Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст.
Мо ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем.
Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар бехонумон ва гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд.
Хисороти умумӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил доданд.
Сарфи назар аз ин, Ҳукумати кишвар дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз сулҳу субот тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллиро ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд.
Оиди роҳҳои мубориза бо терроризм
Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зидди ин зуҳуроти харобиовар тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд.
Пӯшида нест, ки дар шароити кунунӣ ягон кишвари дунё наметавонад дар танҳоӣ бо зуҳуроти хатарбори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мубориза бурда, муваффақ гардад.
Дар робита ба ин қабл аз ҳама зарур аст, ки аз истифодаи “меъёрҳои дугона” дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро даст кашида шавад. Террористро ба худиву бегона, ислоҳотхоҳу тундгаро ва неку бад ҷудо намудан мумкин нест.
Мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро пайваста ба зурурати аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии терроризми байналмилалӣ ҷалб менамоем.
Маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм мебошанд.
Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар давоми солҳои тӯлонӣ талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст.
Боз кӯмак
Дар ин росто, масъалаи таҳкими иқтидори кишварҳо ва сохторҳои махсуси онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар мадди аввал қарор дорад.
Ғайр аз муборизаи мусаллаҳона бо терроризм ба ҳалли масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо сабаби асосии тундгароӣ шуда метавонад, таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир кард.
Дар ин ҷода ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла расонидани кумаки молию техникӣ ба кишварҳои дар мубориза бо терроризм осебпазир, мувофиқи мақсад мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба минтақаи мо бояд қайд кард, ки амалҳои гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари ҷиддӣ доранд.