Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Эстеъфои раҳбари Ҳизби ифротии рост ва зидди муҳоҷирини Австрия пас аз нашри видеои расвоияш

$
0
0

Ба гузориши Deutsche Welle (DW), Ҳойнс Кристиян Штрахе, раҳбари Ҳизби “Озодӣ (ФПО), як ҳизби ифротии зидди муҳоҷират ва муовини садри аъзами Австрия рӯзи 18-уми майи 2019 пас аз нашри видеои расвоияш аз мақоми муовинати садри аъзам ва раҳбарии ҳизб истеъфо кард.

Штрахе дар ин видеои расвоӣ чӣ кори ғайриқонунӣ кард?
Ин видеои кутоҳмуддат дар Испания дар ҷазираи “Ибитса” дар соли 2017, фақат чанд моҳ қабл аз интихоботи Австрия, ки ӯро ба қудрат расонд, ба таври махфиёна филмбардорӣ шудааст.

Пештар ҳафтаномаи олмонии “Шпигел” ва рӯзномаи олмонии “Зуд Дойче” видеоеро мунташир карданд, ки Штрахе бо зане, ки худро мутааллиқ ба як хонаводаи сарватманди рус муаррифӣ мекунад, мулоқот мекунад ва ба ин хонум ваъда медиҳад, ки дар қиболи кумакаш ба пирӯзии ин ҳизби рости ифротӣ дар интихобот, ин зан қарордодҳои давлатии Австрияро дарёфт хоҳад кард.

Ба гузориши ин ду хабаргузории олмонӣ, Штрахе ба ғайриқонунӣ будани пул таваҷҷуҳ нишон надода, балки аз ин зани ба истилоҳ рус тақозои кумаки молӣ карда, мегӯяд, ки касоне ҳастанд, ки байни 500 ҳазор то якуним миллион евро аз роҳи ғайриқонунӣ ба ҳизбаш кумаки молӣ мекунанд. Ҳамчунон, Штрахе аз ин хонуми ба истилоҳ рус хостааст, то рӯзномаи австриягии “Ди Кронен”-ро бихарад ва дар он барои “Ҳизби Озодӣ”-и ӯ тавре таблиғ кунад, ки ин ҳизб битавонад пирӯзи интихобот шавад. Ӯ сипас ба ин зан ваъда медиҳад, ки дар муқобил ин зан метавонад дар Австрия ба шакли калон сармоягузорӣ кунад.

Вокунишҳо

Худи Штрахе муътақид аст, ки ӯ қурбонии як “суиқасди сиёсӣ” шудааст ва ин амали худро “аҳмақона” ва “ғайримасъулона” хонд.

Ҳизби мухолифи сотсияал демократи Австрия (СПО) аз ин воқеъа ба унвони “бузургтарин скандал” дар таърихи муосири ин кишвар ном бурд.

Ҳамзамон, Ҳизби либерали “НЕОЗ” хоҳони фурупошии ҳукумати эътилофӣ ва баргузории интихоботи зудрас шуд.

Аммо садри аъзами ин кишвар, Себистиян Куртс, ки раҳбари ин ҳукумат эътилофӣ шуморида мешавад, қарор аст, то шомгоҳи имрӯз шанбе (18-уми май) дар ин бора мавзеъгирӣ кунад. Бархе манобеъ гуфтаанд, оқои Куртс гуфтааст ӯ ба ҳамкорӣ бо ҳизби рости ифротӣ поён хоҳад дод.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>