Сомонаи «Ахбор» матни номаи гурӯҳе аз соҳибкоронро нашр кардааст, ки нишон медиҳад дуздиву ришва дар Кумитаи андоз бамароиб бештар аз ончӣ аст, ки мардум дар борааш фикр мекунад.
Дар нома гуфта шудааст, ҳаҷми дуздӣ на баробари як буҷаи кишвар, балки чанд баробар бештар аст. Гуфта мешавад ин пулҳо «ба ҷайби як ҳалқаи хурди атрофиёни раиси ин Кумита Нусратулло Давлатзода мерезад. Ин ҳалқаи наздикони раиси Кумита ҳамагӣ 6 нафаранд, вале инак 11 сол боз, аз замоне ки Давлатзода ба роҳбарии Кумитаи андоз расид, хуни соҳибкоронро асосан ҳамин 6 нафар мемаканд.»
Матни он нома ба шакли зер аст:
Ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба сардори дастгоҳи президент Озода Раҳмон
Ба раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ
Ба додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон
Ба сардори КДАМ Саймумин Ятимов
Ба директори Агентии мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода
Ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода
НОМАИ ДОД
Ончӣ ки рӯзи 10 май президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 май дар мулоқот бо намояндагони блоки иқтисодӣ ва фискалӣ баён дошт, ин дарди дили ҳамаи мо, соҳибкорон буд.
Бадбахтона, идораҳои фискалӣ ва назоратӣ, бахусус Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, ба ҷои мусоидат ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон ба ду мониаи бузург дар роҳи пешрафти ҳам бизнес ва ҳам тамоми иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Бо суханони оддӣ агар бигӯем, хуни соҳибкори бечораро то қоқ шуданаш мемаканд, мисли гов соҳибкорро меҷӯшанд. Ва касе дар фикри фардои кишвар нест, ки агар имрӯз қишри соҳибкорро куштед, фардо аз кӣ андоз меситонед? Буҷаро аз кадом манбаъ пур мекунед?
Ҷаноби олӣ дар суханрониаш бахусус дар бораи ҳаромкориҳои мақомоти Хадамоти гумрук мисолҳои бисёр возеҳу равшан оварданд. Ҳам дар бораи чанд мошин борро бо як рақам аз марз гузаронданд, ҳам дар бораи қочоқи 1250 тонна шакар дар байни ҳамагӣ чанд рӯз ва бо вуҷуди дастури Пешвои миллат ба ҷои ҷавобгарӣ кашидан вазифаи нав додан ба ин гумрукчии қочоқчӣ, ҳам дар бораи ун дигараш, ки дар байни камтар аз ду сол соҳиби 10-15 мошину 6-7 хона ва 3-4 зан шудааст. Бо овардани ин мисолҳо ҷаноби президент бешак дуруст хулоса карданд, ки чунин вазъият дар тамоми Хадамоти гумрук мушоҳида мешавад – аз раису муовинҳои ин ниҳод сар карда то сардорони раёсатҳоу терминалҳо ва нуқтаҳои гумрукӣ ҳама гӯё барои як чӣ барои худ кандан аз ҳисоби буҷаи давлатӣ забон як кардаанд.
Ба ақидаи президент, пули ба камиаш як буҷаи дигари Тоҷикистон дар чунин схемаҳои ҳаром обулой мешавад. «Пас аз куҷо даромад ба буҷет шавад? Пас аз куҷо нақшаи буҷет иҷро шавад?” – суол гузошт президент дар он ҷаласа.
Ҷаноби олӣ!
Моро бовар бикунед, ки ҳамин гуна пули на камтар аз чанд буҷаи дигари Тоҷикистон дар Кумитаи андоз обулой мешавад ва ба ҷайби як ҳалқаи хурди атрофиёни раиси ин Кумита Нусратулло Давлатзода мерезад. Ин ҳалқаи наздикони раиси Кумита ҳамагӣ 6 нафаранд, вале инак 11 сол боз, аз замоне ки Давлатзода ба роҳбарии Кумитаи андоз расид, хуни соҳибкоронро асосан ҳамин 6 нафар мемаканд.
Номи ҳамаашро инҷо меорем:
7.Гулмуродзода Карим (қаблан Партоев)
8.Нурализода Наҷмиддин
9.Асадуллозода Мизроб
10. Шеров Абдусалом
11. Зубайдзода Баҳром
12. Муҳаммадҷонов Бахтиёр.
11 сол боз ҳамин 6 нафарро дар Кумитаи андоз аз ин вазифа ба он вазифа дар мақомҳои роҳбарии раёсатҳои андозсупорандагони бузургу миёнаву хурд ва ҳатто дар мақоми муовини раиси кумита тоб медиҳанд, ё ба қавли худашон, «ротатсия” мекунанд, вале аз иваз шудани ҷои ҷамъшавандаҳои фосид – ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад, балки ҳамчунон ғарқ дар фасод боқӣ мемонад.
Кормандони дигари андоз дар баробари ин шашгона ҳеҷанд. Давлатзода бақияро ҳатто ба назар ҳам намегирад. Он ду муовини раиси Кумитаи андоз — Юсуфӣ Пӯлодҷон Султон ва Сафарзода Лола Ҳаким, ки рӯзи 14 май бо фармони президент аз кор барканор карда шуданд, дар асл ҳеҷ таъсире дар Кумитаи андоз надоштанд, онҳоро атрофиёни Давлатзода ҳамчун барраи қурбонӣ истифода бурданд, то оташи хашму ғазаби президентро бо қурбон кардани ду муовин каме хомӯш кунанд ва баъди каме ором шудани вазъият боз ба ҳаромкориҳои худ идома диҳанд.
Схемае, ки ин ҳалқаи ҷиноӣ кор мекунад, чунин аст:
Аввал Гулмуродзода ё Нурализода ё ягон нафари дигар аз ин шашгона фармон дар бораи тафтиши фаъолияти ягон корхона ё ширкат содир карда, як ревизорро ба онҷо мефиристад. Ревизор, ки дар пешаш ҳатман ёфтани ягон камомадро вазифа мегузоранд, барои мисол, ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ рӯпӯш кардани андозро ошкор мекунад. Фоиз болои фоиз зада, чӯт мезанад ва дар ниҳоят ширкат ё корхонаро 2 миллион сомонӣ камомад бор мекунанд ва метарсонанд, ки корашро ба прокуратура ё амният месупоранд.
Баъди ду-се рӯз ҳамон ревизоре, ки 2 миллион сомонӣ камомадро ёфт, худаш сармуҳосиби ширкатро ба пеши худ даъват карда, пешниҳод мекунад, ки вай камомадро 300 ҳазор сомонӣ менависад, вале 1 миллиону 700 сомонии фарқаш — тақсим, нақд оварда диҳед.
Ба болои ин боз тафтишҳои камералиро ҷорӣ кардаанд: Яъне як ревизиор омада, тафтиш мекунад ва «доля”-ашро ба гардани ширкат бор мекунад ва ба дунболи вай, ревизори дуюм омада, ревизияи якумро тафтиш мекунад, ки то куҷо дуруст анҷом дода шуд? Ҳатман пай бурдед, ки ин ревизори дуюм низ як мақсад дорад: кандани боз як «доля”-и дигар!
Ин зӯргӯиҳову пулканиҳои беҳисоб боис шуд, ки садҳо соҳибкор тарки Тоҷикистон кунанд, шумораи ширкатҳои хориҷӣ дар кишвар, тавре президент низ ёдовар шуд, ду маротиба коҳиш ёфт. Кумитаи андоз ҳоло барои онки коҳиши шумораи ширкатҳоро пинҳон кунад, хоҷагиҳои деҳқониро ҳамчун ширкат муаррифӣ мекунад ва бо ин ба чашмҳо хок пошида, мехоҳад нишон бидиҳад, ки ҳама чӣ олист!
Аммо аз куҷо?
Агар «доля”-ҳои дар ин 11 сол аз соҳибкорон кандаи наҳангҳои Кумитаи андозро ҳисоб кунед, ба садҳо миллион доллар мерасад. Ин тараф миёни соҳибкорон мешикасту аз он тараф қасру кӯшку бӯстонсарҳои навбанави «бег”-ҳои андоз қомат меафрохту парки мошинҳояшон бо мошинҳои напа-нави гаронбаҳо бойтару бойтар мешуд, Гулмуродзода алоҳида корхонаву ширкату анбору тарабхона мекушоду Зубайдзодаву Асадуллозодааш – алоҳида.
Шумораи хонаву қасру мошину ширкату корхонаҳои раиси Кумита Нусратулло Давлатзода -ку дигар ҳисоб надорад. Бонки «ДисИнвест”, ки ба таври мармуз аз байн бурда шуд, «Элит-строй” – яке аз бузургтарин корхонаҳои сохтмонии Душанбе – ин ҳама суолеро ба вуҷуд меорад, ки чӣ гуна як корманди давлатӣ тавонистааст ин қадар миллионҳо ҷамъ биорад? Аз кадом ҳисоб, агар аз кисаи давлат нест? Албатта, аз ҳисоби давлат аст, чунки на бо ягон «ДисИнвест”-у на бо ягон «Элит-Строй” ва бо тиҷорати ҳалол Давлатзода ҳеҷ гоҳ наметавонист яке аз мултимиллионерҳои рақами яки Тоҷикистон шавад.
Баъди танқидҳои ахири президент Давлатзода кӯшиш дорад, ки Кумитаи андозро каме тармими косметикӣ кунад. Ду муовинашро, ки нақшу таъсире ҳам надоштанд, қурбон кард, чанд хешу табораш ва бархе нафарони наздики худро аз мақомҳо барканор кард. Аз ҷумла Ҷумъахон Нурзода аз мақоми раиси андози вилояти Хатлон рафт ва Карим Гулмуродзодаро оҳиста ба мақоми муовини вазири молия гузаронданд. Муҳаммадҷонов Бахтиёр – як қартаи дигар аз шашгонаи Давлатзода дар иваз муовини раиси Кумитаи андоз таъйин шуд.
Мансабдорони Кумитаи андоз ҳоло ба таври шитобзада давуғеҷ доранд, то молу мулки бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз ҳисоби «доля”-бандӣ ҷамъовардаашонро ба номи дигарон гузаронанд, ки сиррашон набарояд. Саҳни Кумитаи андозу раёсату нозиротҳои он ва ҳамин тавр, Хадамоти гумруку Палатаи ҳисоб, ки то як ҳафтаи пеш мисли автосалони мошинҳои гаронбаҳотарини дунё буд, ҳоло пур аз «Опел”-ҳои кӯҳнаву фарсуда шудааст. Мансабдороне, ки як ҳафта пеш нишастан дар «Опел”-ро барои худ ор медонистанд, ҳоло ҳама якбора соҳиби «Опел”-у ҳатто «Жигули” шудаанд, то ҳадди аксари хоксории худро ба намоиш гузошта, аз ин тӯфони ахир, ки суханронии президент ба сарашон овард, халос шаванд.
Вале онҳо ҳама боварӣ доранд, ки ин ҳама як амри муваққат аст ва қаҳру хашми президент фурӯ менишинаду ҳама чиз ба ҳолати пешинаш бармегардад ва онҳо ба кайфу сафои худ аз ҳисоби «доля” бастани мардум идома медиҳанд.
Умедворем, ки ин орзуи онҳо амалӣ намешавам ва Ҷаноби олӣ ин дафъа ҷиддан барои мубориза ва решакан кардани коррупсия ва ришваву пора дар кишвар камари ҳиммат бастааст. Мо аз роҳбарони давлат даъват мекунем, ки ин муборизаро аз ҳамин 6 наҳанги Кумитаи андоз ва Императори андоз Нусратулло Давлатзода оғоз кунанд. Бовар кунед, хазинаеро хоҳед ёфт, ки баробари чанд буҷаи давлатии Тоҷикистон аст.
Бо умед, як гуруҳи андозсупорандагони бузурги Тоҷикистон