Узв ва фаъоли собиқи ҲНИТ Амрулло Мағзумов, ки дар Маскав бозодшт шуда буд, рӯзи шанбе, 18 май ба Тоҷикистон истирдод шуд. Аммо наздиконаш то ҳол натавонистаанд ӯро пайдо кунанд.
Амрулло Мағзумов, сокини шаҳраки Чорбоғи ноҳияи Ваҳдат ва фаъоли собиқи ҲНИТ шоми 16 май дар фурӯдгоҳи Внуковои Маскав боздошт шуд. Боздошти ӯ тибцқи иттилоъи вакили дифоъаш бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Бародари Амрулло — Абдулло Мағзумов, ки дар Аврупо паноҳанда шудааст, ба Паём гуфт, ки ҷустуҷӯи наздиконашон барои пайдо кардани боздоштшуда бенатиҷа анҷом ёфтааст. Ҳам дур фурӯдгоҳ ва ҳам дар ВКД-ву КДАМ гуфтаанд, ки чунин нафаре ба Тоҷикистон оварда нашудааст.
Вакили дифоъи ӯ мегӯяд Мағзумов бо ӯ аз дохили ҳавопаймо тамос гирифт ва гуфт, ки ӯро ба Тоҷикистон бурда истодаанд.
Амрулло Мағзумов баъди интихоботи парлумонии соли 2015, ки чун номзад ба вакилии маҷлиси ноҳиявӣ дар он ширкат дошт, бинобар фишорҳои рӯзафзуни мақомот Тоҷикистонро тарк кардааст. Аз ҳамон замон дар Русия мезист.
Аз замони ҳиҷраташ фишори мақомот, бахусус Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон болои хонаводааш пайваста ҷараён дошта, талаб мекарданд, ки ӯ ба Тоҷикистон баргардад.
Дар Тоҷистон ба Мағзумов шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.