Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Агар падарат кушта шуда, пас шаҳид шудааст!” Маросими ёдбуди шуҳадои тоҷик дар Варшава

$
0
0

Дар ҳамин соатҳо дар пойтахти Лаҳистон — шаҳри Варшава маросими ёдбуди шуҳадои зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат ҷараён дорад. Дар маросим ҷамъе аз тоҷикони муқими аврупо ва ҳамчунин раҳбарияти Паймони миллии Тоҷикистон ширкат доранд.

То ҳол дар маросим чанд нафар, аз ҷумла Алим Шерзамонов, муовини раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, Муҳамадҷони Нурӣ, узви Раёсати олии ҲНИТ, Темур вВарқӣ ва Шарофиддин Гадоев, аъзои Шӯрои ПМТ, Абдусаттор Бобоев раҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ суханронӣ карданд.

Алим Шерзамонов гуфт “дар ин ҳавои гарме ки мо дар Варшава таҳаммул карданаш наметавонем дар зиндонҳои Тоҷикистон мардуме нишастаанд дар шароити ба маротиб бадтар, ки ба зинда мондани худ ҳам умед надоранд. Вақте ҷавоне ки ба хотири дуздии ночиз ду сол зиндон шудаасту дар ошӯб ҷонашро аз даст медиҳад дигар чӣ гуна зиндониён умеди зинда мондан дошта бошанд?

Муҳаммадҷони Нурӣ таъкид кард, ки Алим Шерзамонов шуҳадои баъди сулҳро ёдоварӣ карданд. Агар ман шуҳадои баъди истиқлолиятро ёдоварӣ кунам соатҳо мешавад сухан гуфт. Аслан ҳисобаш аз дасти ҳама даррафтааст, ки миллати мо то ҳоло пас аз истиқлолият чӣ қадар шаҳиду қурбонӣ додааст ва чӣ қадари дигар қурбонӣ хоҳад дод.

Ӯ изҳор дошт: мо вакте бо шуҳадову муборизине, ки ҷони худро барои ватану кишвар қурбон карданду таслим нашуданд, дар он дунё вомехӯрем, рӯсафед бошем.

Дар бораи ҳаводиси ду зиндон Муҳаммадҷони Нурӣ гуфт “то кунун ҳеч далели муваҷҷаҳ ва қобили қабуле дар мавриди ду куштори зиндони Ваҳдату Хуҷанд ба миллат ироа накарданд”.

Темур Варқӣ бо зикри ин, ки дар Тоҷикистон ваҳдати воқеъии миллӣ вуҷуд надорад, гуфт “бисёр нангин аст, ки вакте як мусибат болои қишре меояд, бархе қишрҳо аслан эҳсос намекунанд”. Ӯ гуфт: ваҳдати миллии воқеъӣ вуҷуд надорад ва Эмомалӣ Раҳмон ҷанги дохилиро идома дода истодааст

Ӯ ҳамчунин тасреҳ кард “то кунун мафҳуми миллат дар Тоҷикистон шакл нагирифтааст. Устод Нурӣ мегуфт: дар Тоҷикистон ҳам коммунист, ҳам диндор, ҳам либерол ва ҳам бедин ва ҳама гуна қишрҳо зиндагӣ мекунанд ва ҳар гуна инкори як қишр мафҳуми миллатро аз байн мебарад. Варқӣ афзуд, “мо то кунун ба ҳамон ҳадде ки устод Нурӣ мафҳуми миллатро шарҳ дод, нарасидаем”.

Раҳбари департаменти расонаии ПМТ таъкид кард “кушторҳои зиндонҳо вазъияти кулли Тоҷикистонро  нишон дод. Ҳамаи мардум дар тоҷикистон мисле ки дар зиндон зиндагӣ мекунанд ва ҳамон синдроми Стокголмро мемонад, ки асирон аз тарс ба гаравгонгирон ошиқ мешаванд. Мо бояд тарсро аз дилҳои худ дур кунем.

Абдусаттор Бобоев зимни суханронияш гуфт “бо эълони ин ки Эшони Қиёмиддин пурра шиъа шудааст ва хиёнат кардааст, Эмомалӣ Раҳмон хуни ӯро ҳалол кард”.

Раиси КШНГЗС изҳор дошт: Ман шайх Темурро намешинохтам, фақат чанд вақт пеш аз зиндон шуданаш аз як корманди амният фаҳмидам, ки ӯ дар як ҷои дурдаст дар кӯҳе ҷо гирифтаасту даъват ба тасаввуф мекунад. Кӯҳе, ки ҳатто мошин намерафт. Аммо амният аз маҳбубияти у дар байни мардум тарсид, барои пайгирӣ ва дастгирии ӯ ба онҷо ҳам одам фиристод ва ӯро зиндонӣ карданд.

Бобоев изҳор дошт “ин ҳукумат идомаи ҳамон ҷинояткорони Фронти халқӣ аст. Намунаи ҷинояткории инҳо ин аст, ки 10 соли пеш яке аз раҳбарони Фронти халқӣ ба номи Иброҳим Исмоил фарзанди худашро парронд вале ҳаргиз ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Аммо ҳукумат имруз як нафарро танҳо ба хотири он ки замоне ҳамроҳ бо Мирзо Зиё будааст ва ё дар баталёни 25 хизмати ҳарбӣ кардааст муҳокима ва зиндон мекунанд”.

Шарофиддин Гадоев бо зикри ин ки куштори зиндониҳо фоҷеъаи як ҳизб ё гуруҳе нест, балки фоҷеаи миллӣ аст гуфт, “онҳо мекушанд, метарсонанд ва ҷиноятҳоро мепӯшонанд ва ҳеч коре барои пешрафти кишвар накардаанд. Бояд ҳамаи қишрҳои миллат алайҳи ин ҳукумати золим мубориза баранд”.

Гулбарг Сайфова, ҳамсари яке аз зиндониёни сиёсӣ қайд кард: Вақте ин хабари шумро шунидем, хеле нороҳату асабӣ будам ва аз ҳар тараф мепурсидам, ки киро куштаанд ва чӣ шудааст? Писарам аз ман пурсид, оча падари маро ҳам куштаанд? Ман намедонистам ба ӯ чи ҷавоб гуям. Фақат ҳамин қадар гуфтам, ки намедонам.

Ӯ таъкид кард, ки набояд ҳеч тоҷике дар мавриди зиндониёни сиёсӣ бетараф бошад. Ва даъват намуд, ки дар мавриди зиндониён ихтилофоти худро як тараф гузошта, барои озодии онҳо саъйю кушиш кунанд.

Сайфова қисса кард: Духтаҳоям бошанд бо  нигоҳҳои ғамангез гоҳ ба ман ва гоҳ ба писарам менигаристанд, Ин ҳолат маро каме ба худ овард ва аз худам фаромӯш  кардам ва гузаштам ба ором намудани писари гирён ва духтарҳои ҳаӣронам .Ба писарам гуфтам, ором шав Абдулло! Чизе намедонам ва  агар парари ту ҳам кушта бошанд, хушо ба ҳолат, падарат шаҳид ва ту писари шаҳидӣ, ва ин саодати бузурге аст! Аз ин ҳукумати золим ҳама чиро интизор шудан мумкин. Ин  гуфтугӯ бо писарамро барои ҳамкорони лаҳистониям нақл намудам ва фоҷиъаи зиндонро барояшон фаҳмондам. Онҳо дар ҳолате, ки нороҳат буданд аз ин фоҷиьаи даҳшатнок, мегуфтанд, чаро шумо бо ин ҳама зулм хомӯшед магар он куштаҳо модар, хоҳар ва ҳамсар надоранд чаро садо баланд намекунед? Чаро аз ҳуқуқи  наздиконатон дифоь намекунед. Савол медоданд ва мунтазири ҷавоб нашуда худашон посух медоданд: Бубин мо ҳатто барои ҳуқуқи ҳаӣвонҳоямон чӣ гуна кӯшиш ва заҳмат мекашем, то касе ҳуқуқашонро поӣмол накунад. Шумо мусалмонҳо ин қадар ба зулм сабр доред. Шояд ваьдаи биҳишт шуморо ин қадар сабур сохтааст».

Холиди Муҳаммадсаид, узви Шӯрои иҷроияи ҲНИТ таъкид кард «он чи дар зиндони Ваҳдат гузашт худ қатли омми тоҷикон ё шаҳрвандони Тоҷикистон буд ва бешак аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хусус президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барномарези шуда буд».

Ӯ гуфт «пеши ин зулмро гирифтан барои як ҳизб ё ҳаракат шояд душвор бошад. Аммо барои мардум ва тамоми ҳизбу ҳаракатҳо, шахсиятҳои бонуфузи кишвар, шоирону нависандагон, ҳуқуқшиносону шахсиятҳои алоҳидаи сиёсӣ ва ҳар, кӣ дилаш ба кишвару миллат месузад, кишвари пешрафта ва озодии мардуми худро дар он мехоҳад, душвор нест. Дар якҷоягӣ мешавад дасти золимонро аз сари кишвару миллат кутоҳ кард».



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>