Дақоиқе пеш дар Варшава, пойтахти Лаҳистон маросими ёдбуди шуҳадои зиндонҳои Хуҷану Ваҳдат ба поён расид. Дар он шуморе аз фаъолони сиёсиву мадании тоҷик суханронӣ намуданд, муште аз он дар хабари қаблӣ оварда шуд.
Дар ин ҳамоиш ҳачунин раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ширкат ва суханронӣ кард.
Кабирӣ иддаои касоне ки мегӯянд муборизон вакте Аврупо омаданд, баъд ба сухан гуфтан дар бораи зиндониён оғоз карданд рад кард ва бо ишора ба навори шиканҷаи зиндониён, ки дар ҳамоиш нишон дода шуд гуфт, навор соли 2014 дар ҲНИТ омода гардида, дар хидмати рузномантгорон гузошта шуда буд: “Наворе ки дар инҷо нишон дода шуд, наворест ки соли 2013 ё 2014 дар маркази ҳнит бо ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ, хабарнигорон ва созмонҳои байналмилалӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Ин нишон медиҳад, ки мубориза зидди шиканҷа падидаи нав нест ва аз солҳои гузашта ҳам вуҷуд дошта ва идома дорад”.
Раҳбари ПМТ кушташудагони ду зиндонро шаҳид хонд. Ӯ дар бораи яке аз шуҳадо — узви РО ҲНИТ Махдуми Абдусаттор тасреҳ кард: “метавон гуфт, ки ӯ яке аз айёрони хуросонӣ буд, мисли Абумуслими Хуросонӣ, Самаки Айёр ва Аҳмадшоҳи Масъуд ва гайра ки дар баробари илму ҷойгоҳ дар ҷомеа, боз шуҷоату ҷасорати фавқулодда доштанд
Дар бораи узви собиқи ҲНИТ ва узки КОМ Эшони Қиёмииддин бошад тазаккур дод “ӯ касе буд, ки гоҳ гоҳе дар баҳсҳои дохилии комиссияи оштии миллӣ ҷонибии ҳукуматро тарафдорӣ мекард, вакте медид ки дар мавкеъи он тараф як чизе дуруст вуҷуд дошт”.
Кабирӣ гуфт: Ҷавононе ки боиси кушта шудани Махдуми Абдусаттору дигарон шуданд, онҳо худ қурбонии фитнае буданд. Онҳо супоришро аз касе гирифта буданд — ё аз ҳукумат ё аз касе дигар.
Раиси ҲНИТ тасриҳ кард: ҷузъиёти куштори ҳодисаи Ваҳдат нишон дод ки Махдуми Абдусаттор бояд аз зиндон зинда намебаромад.
Ӯ ҳамчунин гуфт “Махдуми Абдусаттор ҷавонмард ба тамом маъно буд. Ӯ аз узрхоҳӣ кардан шарм намекард ва ҷасорати онро дошт. Барои мисол, ӯ ҳамеша ба мо мегуфт ман аз Маҳмадалит Ҳаит шак дорам. Вақте далелашро мепурсидам мегуфт, чизе аз ӯ намедонам, вале корманди собиқи амният аст ва ба ӯ бовар карда наметавонам. Аммо замоне ки дар зиндон афтоданд, наворе ба мо расид, ки дар он махдуми Абдусаттор дар ҳузури қозиву тамоми зиндониёни дигар мегӯяд “акаи Маҳмадали маро бубахш ки ман дар бораи худат иштибоҳ мекардам ва фикр мекардам ту дар байни мо бегонаӣ. Аммо имрӯз бароям собит шуд, ки ту беҳтарин инсон ва ҷавонмардтарин шахс дар байни мо ҳастӣ”.
Кабирӣ зикр кард “ман баёнияи ДОИШ-ро хондам ва ду бор истилоҳи муртад дар мавриди ҲНИТ омадааст. Он ҷавонон аз куҷо ин вожаҳои диниро медонанд? Бубинед, чанде пеш дар СССР мусоҳиае бо генералӣ амниятӣ нашр шуд, ки гуфтааст Кабирӣ ва ҲНИТ муртад ҳастанд. Ин тавр вожаҳоро амниятиҳо истифода мебаранд, ки шоҳиди ин мусибатҳои террористӣ ҳастем.
Дар мавриди роҳбандиҳои ахир дар Душанбе бинобар нишасти сарони киварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё гуфт: Раҳбарияти кишвар шарм медоранд, ки меҳмонон шаҳрвандони кишварашонро бинанд. Барои ҳамин ҳангоми баргузории чорабиниҳо роҳҳоро мебанданду бозорҳову донишгоҳҳоро таътил мекунанд.
Раҳбари Паймони Миллӣ бар бораи “тазоҳурот” чанд рӯз қабл алайҳи озодсозии Бузаргмеҳр Ёров изҳор кард: Тазоҳурот дар Душанбе алайҳи Бузургмеҳр Ёров набуд, балки эътироз ба заҳамоту корҳои решаии бархе аз бародарону хоҳароне буд, ки тавонистанд чунин парвандаҳоро ба болотарин минбари байналмилалӣ — СММ расонданд. Коре ки ҳукуматро ба ларза даровард