Дар натиҷаи юриши дуввуми гурӯҳи вижа, ки дар он норинҷакҳои дудиву садоӣ истифода шуданд, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон Алмосбег Отамбоев худро таслими мақомоти кишвараш кард.
Тибқи гузориши расонаҳо дар минтақае, ки хонаи Отамбоев қарор дорад, интернет қатъ карда шуда, занг задан бо телефони дастӣ мушкил шудааст. Гуфта мешавад бинобар дуди ғализе, ки атрофи хонаи Отамбоев, рафтан ба он тараф ғайриимкон шудааст.
Ҳамчунин расонаҳо аз ҳаракати мардуми зиёд бо мошину пиёда ба самти пойтахти Қирғизистон хабар медиҳанд. Гуфта мешавд ҳаракати онҳо бидуни контрол буда, қисмате мегӯянд ба самти бинои ҳукумати кишвар мераванд, қисмати дигар изҳор доштаанд, ки ба назди идораи Ҳизби сотсиал-демократики Қирғизистон, ки раҳбараш Отамбоев аст, мераванд.
Раисҷумҳури собиқи дигар Роза Отунбаева ва сарвазири собиқ Феликс Кулов дар ҳодисаи рухдода Алмозбек Отамбоевро гунаҳкор дониста, аз ҳукумат даъват карданд пешир роҳи ҷинояткоронеро, ки аз фурсат истифода бурда мекӯшанд худро ба пойтахт расонанд, ҷилавгирӣ кунанд.
Худи Атамбоев ҳам иқрор кард, ки аз силоҳи оташфишон тир кушодааст, аммо на ба самти низомиён. Ӯ гуфт шояд тир тасодуфан ба низомии ҷонбохта исобат карда бошад.
Қаблан Отамбоев эълон карда буд, тазоҳқроти бемӯҳлате дар Бишкек роҳандозӣ хоҳад кард. Расонаҳо аз ҷамъшавии чандсад нафар дар яке аз майдонҳои пойтахти Қирғизистон хабар медиҳанд.