Алиакбар Ҳисомови 35-сола, шаҳрванди Тоҷикистон ва зодаи шаҳри Панҷакент, ки ҳудуди як сол дар Укроин иқомат доштааст, бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудааст. Ба ӯ истирдод таҳдид мекунад.
Мақмоти Тоҷикистон Ҳисомовро бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – 307 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ) ва 401 (Зархаридӣ) муттаҳам мекунанд ва дар пайгард қарор додаанд.
Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, дар парвандае, ки мақомоти Тоҷикистон ба мақомоти Укроин фиристодаанд, Ҳисомовро ба ширкат дар ҷангҳои Ховари Миёна муттаҳам мекунанд. Дар парванда ҳамчунин омадааст, ки Алиакбар мадрасаи Олим-додхоҳи шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи Ал-Азҳари Мисрро хатм кардааст.

Аммо рӯзноманигор Бобораҷаб Холов (Муҳамадраҷаби Шоҳим), аз хешовандони Ҳисомов мегӯяд, тамоми ваҷҳҳои дар парванда овардашуда тӯҳмат аст. Ӯ ба Паём гуфт “Ман қасам мехӯрам, ки Алиакбар як соат ҳам дар қаламрави Сурияву Ироқу Афгонистон набуд. Ӯ солҳо дар Русия муҳоҷири мехнатӣ бқарор дошт. Мисру Туркия фақат барои дидании ман омада буд. Баъд, соли 2017 ба Туркия барои кор омада, бинобар пайдо нашудани кори хуб, соли 2018 ба Украина рафт”.
Холов мегӯяд, худи ӯ, ки тибқи ҳардуи ҳамин модда дар пайгард қарор дорад, дар мадрасаи Олим-додхоҳи шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср таҳсил кардааст ва шояд мақомот баъзе қисмҳои парвандаи Ҳисомовро аз парвандаи ӯ рӯйбардор кардаанд. Қаблан Холов бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Туркия боздошт шуда буд, аммо бинобар тасдиқи худро наёфтани ҳеҷ ваҷҳи айбнома, озод гардид.

Алиакбар Ҳисомов ҳоло дар яке аз боздоштгоҳҳои Укроин қарор дорад, ва тибқи гуфтаи вакили дифоъаш ба ӯ истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад.