Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Русияву Қазоқистон: Боздошти Отамбоев “кори дохилӣ”- и Қирғизистон аст (Видео)

$
0
0

Дмитрий Медведев, раиси ҳукумати Русия дар бораи боздошти Алмосбек Отамбоев, собиқ президенти Қирғизистон изҳор дошт, ки ин масъалаи дохилии ин кишвар аст. Аммо Русия наметавонад, бетарафӣ кунад. 

Медведев бо таъкид гуфт, ки “Қирғизистон аз шарикони асосии мост, дӯстони мо дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд”.

Раиси ҳукумати Русия афзуд: “Ба назари ман ҳайратовар ин аст, ки инқилобкуниҳо дар ин кишвар дар асри 21 тамоми маҳдудаҳоро гузашт.

Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, Дмитрий Медведев, ки ҳоло дар Қирғизистон қарор дорад, гуфтааст,  ҷиҳати баррасии қазияи боздошти Отамбоев бо президенти феълии Қирғизистон гуфтугӯ хоҳад кард.

Ҳамчунин Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон боздошти Алмосбек Отамбоевро  “кори дохилӣ”-и Қирғизистон арзёбӣ кард.

Дар ин бора сухангӯи президенти Қазоқистон  Берик Курмангалӣ, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода навишт, ки Тоқаев ҳаводиси Қирғизистонро пайгирӣ дорад ва умедвор аст, вазъ ба зудӣ муътадил шавад.

Ёдовар мешавем, ки санащои 7 ва 8- уми август неруҳои махсуси мақомоти Қирғизистон ба манзили Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон ҳамла карда, хостанд ӯро боздошт ва ба бозпурсӣ баранд. Ҷонибдорони Отамбоев ба ҳамлаи неруҳои махсус дафъаи аввал муқовимат нишон доданд ва ба мақомот муяссар нашуд, ки санаи 7-ум ӯро боздошт кунанд. Субҳи 8- уми август низ кӯшиши боздошти Отамбоев бенатиҷа буд. Аммо шоми рӯзи 8-уми август, дар натиҷаи як музокироти кӯтоҳ Отамбоев бо шарти тир накушодан алайҳи тарафдоронаш таслим шуд.

Дар натиҷаи ҳамлаи низомиёни Қирғизистон ба манзили Отамбоев як низомӣ кушта, дар умум 52 тан аз мардуми осоишта ва низомиён захм бардоштанд.



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>