Сӯхтор дар як фермаи хурде дар шаҳраки Колбасинои ноҳияи Талдомкийи вилояти Маскав боиси бедарак шудани яе шаҳрванди Тоҷикистон шуд.
Соати 2-и шаби 30-уми июл ба телефони дастии Наимов Муҳаммадӣ занг зад. Ин бародараш Бобохӯҷа буд. ки дар як ферма кор мекард. Бобохӯҷа гуфт, ки ферма оташ гирифтааст ва ӯ дар дохили он банд мондааст, чун дарҳо ҳама аз берун қулф зада шудаанд. Ӯ гуфт, ки ҳоло ба соҳиби ферма занг мезанад ва гуфтугӯро қатъ кард.
Баъди он Муҳаммадӣ дигар натавонист бо бародараш тамос гирад – телефонаш хомӯш буд. Субҳ ӯ бв ҷои ҳодиса рафт, вале бародаршаро пайдо накард. Маълум шуд бародараш воқеъан ба соҳиби ферма занг задаву ӯ дар навбати худ сӯхторхомӯшкунҳоро хабар кардааст. Онҳо оташро хомӯш кардаанд, аммо аз Бобохӯҷа дараке наёфтаанд. Ҷасад ҳеҷ инсоне ҳам дар фермаи оташгирифта пайдо нашудааст.
Ин се наворро ҳам Муҳаммадӣ аз ҷои ҳодиса бадоштааст. Дар наворҳо ҷасадҳои зиёди гӯсфандон дида мешавад. Сӯхтор низ ҳанӯз кам-ка идома дорад.
Муҳаммадӣ мегӯяд шояд бародари 35-солааш Наимов Бобохӯҷа Кабирович бо кадом роҳе аз ферма худашро берун кашида ва аз тарси ин ки худашро гунаҳкор накунанд, фирор кардааст.
Ин ҳам акси дигари Бобохӯҷа:

Муҳаммадӣ хоҳиш кар ҳар касе бародарашро дидааст, ё аз ҷои будубоши ӯ дарак дорад ба ин рақам занг занад: +79019056138
Паём низ аз тамоми хонандагонаш хоҳиш мекунад дар пайдо кардани Бобохӯҷа кӯмак кунанд.