Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Иди саиди Қурбонро ба зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистону ҷаҳон табрик гуфт.
Дар ин табрики камназир, ки дар он маҳз зиндониёни сиёсӣ зикр шудаанд, КШНГЗС дуъо кардааст Худованд тамоми тоъоту ибодот ва корҳои неки зиндониёнро чун як навъе аз қурбониҳо бипазирад ва ҳар чӣ тезтар василаи озодии зиндониёни сиёсӣ ва бегуноҳро аз зиндонҳо фароҳам созад.
Ҳамчунин Кумита аз тамоми афроди хонавода ва наздикону пайвандони зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки аз ин ба баъд низ дар робита ба ҳар гуна тағйирёбӣ дар аҳволи зиндониён ва шароити нигоҳубини онҳо дар маҳбасҳо бо онҳо дар иртиботи доимӣ бошанд, то дар якҷоягӣ барои озодии онҳо гомҳои бо маслиҳат ва санҷидашудае бардошта шавад.
Матни табрикоти КШНГЗС ба шакли зер аст:
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон фарорасии Иди саиди Азҳоро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон ва бахусус зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ва дар тамоми дунё табрик ва таҳният мегӯяд.
Дар ин рӯзҳои пуръазамат ва иҷобати дуъоҳо, аз Худованди Маннон талаб дорем, ки тамоми тоъоту ибодот ва корҳои неки мо ва Шумо азизонро як навъе аз қурбониҳо бипазирад ва ҳар чӣ тезтар василаи озодии зиндониёни сиёсӣ ва бегуноҳонамонро аз зиндонҳо фароҳам созад ва Шуморо ба дидори тамоми афроди хонавода, дӯстону пайвандон ва роҳравону пайравони роҳҳои интихобкардаатон бирасонад ва Шуморо барои хидмат кардан дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии интихобкардаатон мушарраф намояд.
Дар ин айёми қурбониталаб, аз Худованди Мутаъол талаб дорем, ки ҳама сахтиву машаққат, ранҷу азоб ва фишору шиканҷаҳое, ки Шумо бузургворон дар пушти миллаҳои зиндон ногузир мутаҳаммили онҳо мешавед, дар номаи аъмолатон ҳамчун қурбонӣ ба хотири ризои Худ ва расидан ба ҳадафҳои олии интихобкардаатон сабт намояд.
Аз ҷониби дигар Кумита барои пайдо кардани роҳҳо ва ҳамагуна василаҳои машрӯъе, ки ба андеша ва пиндори масъулини он метавонанд барои озод кардани ҳар як зиндонӣ дар Тоҷикистон кӯмак намоянд, тамоми талошҳои худро ба харҷ медиҳад, то тавонад ба ҳадафҳои олии интихобкардааш, ки дар садри онҳо озодии Шумо азизон қарор дорад, тезтар бирасад ва хидмат кардан дар ин роҳро ҳамчун шарафи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии худ медонад.
Ҳамзамон Кумита аз тамоми афроди хонавода ва наздикону пайвандони зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки аз ин ба баъд низ дар робита ба ҳар гуна тағйирёбӣ дар аҳволи зиндониён ва шароити нигоҳубини онҳо дар маҳбасҳо бо Кумита дар иртиботи доимӣ бошанд, то тавонем дар якҷоягӣ барои озодии онҳо гомҳои бо маслиҳат ва санҷидашудае бардорем.
Дар охир бори дигар аз Худованди Кариму Раҳим истидъо дорем, ки тамоми тоъоту ибодот ва қурбониҳои модӣ ва маънавии ҳамаи мо ва Шуморо ба даргоҳаш қабул фармояд, золимонро хору залил ва кулли зиндониёни бегуноҳро аз зиндонҳо озод намояд!
Идатон муборак, ҳамватанони азиз!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
10.08.2019
Варшава