Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дарёи Сурхоб даҳҳо гектар заминро дар Рашт хароб кардааст (Навор)

$
0
0

Дар водии Рашт дарёи Сурхоб 27 гектар заминҳои деҳаи Лойоба ва Чорбоғи ҷамоъати деҳоти Нусратулло Махсумро шуста бурдааст. Дар ин бора ба Паём сокинони ин деҳаҳо хабар доданд. 

Тибқи иттилоъи сокинон, оби дарё  рӯз ба рӯз ба роҳе, ки чор ҷамоатро бо ҳам мепайвандад, наздик шуда истодааст,  аммо ҳукумати маҳаллӣ ягон чора намебинад.

Сокинон мегӯянд, дарёи Сурхоб даҳҳо гектар заминро хароб кардааст.  

Ду насоси обкашии ду деҳаро дарё бо худ бурдааст ки 30 ҳазор долар арзиш доранд.  Дар натиҷа зироатҳои ду деҳа аз беобӣ хушк шудаанд, ки тақрибан як миллион сомонӣ ба мардум хисорот оварда шудааст.  Ҳукумати маҳаллӣ барои то ҳол мушкилро нодида мегирад.

Дар ду навори кӯтоҳе, ки дастраси Паём шуд, дида мешавад, ки дарё заминҳои соҳилро хароб карда, паҳноии худро вусъат бахшидааст.

Манбаъи дигар ба Паём гуфт, бар замми даҳҳо гектар замине, ки дарё шуст,  ҳудуди 100 гектар замини дигар дар марази хатари қарор дорад. Ҳеҷ коре барои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҷониби ҳукумат ба роҳ монда нашудааст. 

Тибқи иттилоъи манбаъ, Набизода Муким, раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Рашт ҳамарӯза аз роҳе мегузарад, ки заминҳои об шуста бурда намоён аст. То шоҳроҳи Навобод-Ғарм   ҳамагӣ 50 метр мондааст. 

Манбаъи Паём афзуд, ки аз нозироти андоз ба хонааш омада, барои замине, ки аллакай дарё шуста бурдааст, андози замин талаб кардаанд. Чанд нафаре ҳам, ки аз пардохти андози замини аз байнрафтаашон сарпечӣ кардаанд, ҷаримабандӣ шудаанд.

Ӯ  мегӯяд, “ба доди мо касе намерасад. То омадани президент ба ноҳия даҳҳо маротиба омада аз мо пул ғундоштанд, акнун аз замини набуда мехоҳанд андоз ситонанд, вале касе дар фикри соҳилмустаҳкамкунӣ нест. Заҳри танашон шавад, ҳамон пулҳои ҷамъмекардаашон. мо ҳамон пулҳоро аз кор дар замин бо арақи ҷабин ба даст овардаем”. 



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles