Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Облава”дар Суғд ду моҳ пештар оғоз шуд

$
0
0

Дар вилояти Суғд ду моҳи қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ “облава”-и ҷавонон барои хидмати ҳарбӣ шурӯъ шудааст.  Ба ширкатҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ амр кардаанд ба ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ чиптаи ҳавопаймо барои сафар ба хориҷ фурӯхта нашавад.

Тавре сомонаи Фарғона хабар додааст, дар чиптафурӯшиҳои ноҳияи Исфара эъломҳое насб шудаанд, ки бар асоси онҳо ҷавонони то 28 сола бидуни ироаи билети ҳарбӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи озод будан аз адои хидмати ҳарбӣ ҳаққи хариди чипта ва сафар ба хориҷ аз Тоҷикистонро нахоҳанд дошт. Ин иқдом боиси эҷоди маҳдудият барои сафари кории ҷавонон ба хориҷ ва ба вижа Русия гардидааст.

Бар асоси қавонини Тоҷикистон бояд ҷавонон аз 18 то 28 сола ба хидмати ҳарбӣ равнад, ки теъдоди онон дар ин кишвар беш аз 600 ҳазор нафар мебошад. Аммо теъдоди зиёде аз ин ашхос рафтан ба Русия барои корро нисбат ба хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд. Аз ин рӯ барои иҷрои барномаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ кормандони куммиссариати ҳарбӣ ва дигар ниҳодҳои интизомӣ ҳамасола ба боздошт ва ҷалби иҷбории ҷавонон дар кӯча ва хиёбонҳо иқдом мекунанд. Ин кор боиси фирори бештари ин гурӯҳ аз кишвар мешавад.

Коршиносон вуҷуди бадрафторӣ ва хушунат, набуди шароити муносиби маишатӣ ва ахлоқӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро омили асосии фирори ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд.

Чанд сол пеш Вазорати дифои Тоҷикистон тарҳи хидмати алтернативиро таҳия ва барои баррасӣ ба давлати ин кишвар пешниҳод кард. Бар асоси тарҳи ёдшуда бояд ҷалби ҷавононе, ки шароити хидмати ҳарбиро доранд бар асоси қарордоди дуҷониба сурат гирад ва ашхосе, ки намехоҳанд ё наметавонанд ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шаванд бо пардохти маблағ ҳуҷҷати озод будан аз хидмати ҳарбиро дарёфт мекунанд. Аммо ин тарҳ то ба ҳол ба иҷро нарасидааст.



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>