Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Як гурӯҳ аз ВКД барои овардани Хӯҷа командир рафтаанд

$
0
0

Гурӯҳе аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои ба Тоҷикистон овардани Хӯҷа Каримов, яке аз фармондеҳони машҳури Фронти халқӣ, ки чун Хӯҷа-Командир маъруф аст, ҳанӯз 5 август ба Амороти Муттаҳидаи Араб  рафтааст. Гурӯҳро Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат раҳбарӣ мекунад. 

Дар ин бора Tajikistan Times бо истинод ба Ҳокимшо Назарзода, як масъули Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст. Хӯҷа-Командир, ки аз соли 2008 таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, рӯзи 30 июл аз ҷониби пулиси Имороти Муттаҳидаи Араб бар асоси рӯйхати Интерпол бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст.

Ба гуфтаи ин масъули ВКД, феълан гурӯҳи кории Тоҷикистон бо мақомоти АМА масъалаи истирдоди Хӯҷа-Командирро баррасӣ мекунад.

Қаблан гуфта мешуд, ӯ солҳои охир дар Малайзия ба сар мебарад. Хӯҷа Каримов дар соли 2000 пас аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ зиддаш Тоҷикистонро тарк кард ва ҳукумат ба воситаи “Интерпол” пайгарди қонунии ӯро эълом дошт.

Хӯҷа Каримов барои, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, даст доштанаш дар чандин ҷиноят дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, мавриди пайгард қарор дошт.

Вай ба ҷиноятҳо зидди ҳаёт ва саломатии инсонҳо, одамрабоӣ, ҷиноятҳои созмондодашуда ва фаромиллӣ, куштор ва ғоратгарӣ низ айбдор мешавад.

Мақомот мегӯянд ӯ дар солҳои ҷанги дохилӣ ду вакили порлумонро ба қатл расонд ва дар куштору гаравгонгирӣ ва қатлу ғорат низ даст дорад.

Хӯҷа-Командир моҳи ноябри соли 1998 дар назди бинои Маҷлиси Олӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда буд. Боздошти Хӯҷа-командир дар ҷомеа ба ҳадде таъсиргузор буд, аксарияти фармондеҳони вақти Фронти халқӣ саросемавор пойтхатро тарк карданд. Вале вай ба таври ногаҳонӣ озод шуд ва чанде баъд ғайб зад. Хӯҷа Каримов аз ангуштшумор фармондеҳони Фронти халқист, ки аз ҷазо раҳида ва миллионҳо доллари дуздидаи худро ба хориҷа бурдаву то ҳанӯз боздошт нашуда буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>