Вазири амнияти умумии Исроил гуфт, бояд вазъияти мавҷуд дар масҷиди Ал-Ақсо тағйир кунад.
Гилод Ардон, вазири амнияти умумии Исроил дар гуфтугӯ бо шабакаи радиои 90FM дар иртибот бо ҳамлаи низомиёни Исроил ба намозгузорони фаластинӣ дар рӯзи аввали иди Қурбон гуфт: бояд вазъияти мавҷуд дар Масҷид-ул-ақсо тағйир кунад ва яҳудиён низ битавонанд ба сурат инфироди ё гурӯҳӣ дар ҷое, ки мехоҳанд ибодат кунанд.
Гуфтнист, аз даврони Усмонӣ вазъи мавҷуд дар Ҳарами шарифи Масҷид-ул-ақсо таҳти идораи авқофи исломии Қудс буда ва танҳо мусулмонон метавонанд дар онҷо ибодат кунанд.
Алорағми ин ки Исроил муддаии эҳтиром ба Ҳарами шарифи Масҷид-ул-ақсо аст, аммо идораи авқофи исломии Қудс, вобаста ба вазорати авқофи Урдун, ин иддаои Исроилро рад мекунад ва бар мудохилаи онон таъкид дорад.
Юриши яҳудиҳои ифротӣ ба саҳни Масҷид-ул-ақсо
Рӯзи аввали иди Қурбон беш аз 1700 яҳудии ифротӣ ба баҳонаи рӯзи азодорӣ бо мушояати пулиси Исроил ба саҳни Масҷид-ул-ақсо дар шаҳри Қудс юриш бурданд.
Юриши онҳо ба дохили Ҳарами шариф пас аз поёни иқоми намози иди Қурбон дар Масҷид-ул-ақсо сурат гирифт. Пулиси Исроил ҳамчунин намозгузорони фаластиниро, ки қасди мамониъат аз вуруди яҳудиёни ифротӣ ба дохили Ҳарами шариф буданд, мавриди зарб ва шатм қарор додааст.
Пулиси Исроил ба фаластиниёне, ки қасди мамониат аз вуруди яҳудиёни ифротӣ ба дохили Масҷид-ул-ақсоро доштанд бо гази ашковар ва гулӯлаи плостикӣ ҳамла кард.
Садҳо фаластине, ки пас аз адои намози иди Қурбон дар Масҷид-ул-ақсо таҷаммӯъ карда буданд аз пулиси Исроил хостанд дарро ба рӯйи яҳудиёни ифротӣ боз накунанд. Онон бо такбир ва сар додани шиор ба юриши онон вокуниш нишон доданд.
Яке аз масъулони Шӯрои авқофи исломии Қудс ба хабарнигорон гуфта: “Пулиси Исроил ба сӯи фаластинён гази ашковар ва бомби савтӣ партоб кард. Бархе аз фаластиниён аз ҷумла Абдулазим Салаҳб, раиси Шӯрои авқофи исломии Қудс захмӣ шудаанд.”
Ҳилол Аҳмари фаластинӣ низ тайи иттилоияе эълом кард, ки чандин фаластинӣ бар асари истифодаи пулиси Исроил аз гази ашковар, бомби савтӣ ва гулӯлаи плостикӣ захмӣ шудаанд. Расонаҳои Исроил ҳамчунин аз захмӣ шудани яҳудиён гузориш меиҳанд.
Гуфтанист, 61 фаластинӣ тавассути пулиси Исроил захмӣ ва 15 тан аз онон ба бемористон мунтақил шудаанд. Бар асоси тақвим ибронӣ, маъбади Сулаймон дар чунин рӯзе тавассути подшоҳи Бобил ва императори Рум вайрон шудааст.
шуд