Касе, ки ба кӯмакҳои давлатӣ дар Амрико вобастааст, тибқи муқаррароти ҷадид, мумкин аст дар оянда натавонад гринкорти ин кишварро дарёфт кунад. Ин дастурро давлати Трамп содир карда ва қарор аст аз миёнаҳои октябр иҷро шавад.
Давлати Доналд Трамп дар Амрико рӯйкарди шадидтаре дар робита бо сиёсати муҳоҷиратро дар пеш гирифтааст.
Муҳоҷироне, ки ба кӯмакҳои давлатӣ такя мекунанд, дар оянда мумкин аст натавонанд иқомати доимӣ бигиранд. Ба гуфтаи идораи муҳоҷират ва хориҷиҳо дар Амрико, муқаррароти ҷадид аз миёнаҳои октябри соли ҷорӣ боэътибор хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир низ шурути зиёде барои гирифтани иқомати доим дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико вуҷуд дорад. Барои намуна, хоҳишмандони дарёфти гринкорт ё корти иқомати доим бояд собит кунанд, ки аз паси умури молии худ бармеоянд.
Аммо дар муқаррароти ҷадид риштаҳое аз барномаҳои кӯмакӣ феҳрист шуда, монанд кӯмакҳои нақдӣ, ғизоӣ, кӯмаки маскун ва хадамоти ройгони бимаи дармонӣ, ки дар додани гринкорт ё корти сабз ба онҳо дар оянда таваҷҷӯҳ хоҳад шуд.
“Фақиртаринҳо ҳадаф қарор мегиранд”
Бо эҳтимоли зиёд ин муқаррарот бо интиқод рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Мунтақидон мегӯянд, ин иқдоми ҷадид беш аз ҳама муҳоҷирон аз фақиртарин кишварҳоро ҳадаф мегирад.
Аз дидгоҳи онҳо, қавонини ҷадид метавонад ба чашмпӯшии муҳоҷирон аз тақозои кӯмак, он ҳам вақте, ки онҳо воқеан ба кӯмак ниёз доранд мунҷар шавад.
Солона ҳудуди 544 ҳазор нафар барои дарёфти гринкорти Амрико тақозо медиҳанд, ки теъдоди каме аз онҳо ба кӯмакҳои давлатӣ вобастаанд.