Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Моликони мискини зар. Ё ғуломдорӣ дар асри 21 дар Ромит

$
0
0

Сокинони даҳ деҳаи дараи Ромит, ки дар поёноби дарёчаи Лифеғар ва қади роҳи кони тиллои Пакрут воқеъ гаштаанд, бояд бештарин фоидаро аз вуҷуди ин кони тилло ба даст оранд. Чун моликони асосии ин кон ҳамин мардум мебошанд. Аммо вазъ комилан баръакс аст. 

Деҳаҳо ва шароити зисти мардум дар яке аз зеботарин маконҳои “биҳишти рӯи замин”, дар 60 километрии пойтахт ва рӯи конҳои тилло бештар ба деҳаҳои асри 19 шабоҳат доранд. На наздиқӣ ба пойтахт, на вуҷудди кони тилло ва на дар мавқеъи хуби сайёҳӣ қарор доштанашон ба ин деҳаҳо кӯмак накардааст.

Бидуни барқ 

Ин даҳ деҳа Лифеғар, Пучеф, Ғускеф, Даштимазор, Вистан, Пишандоч, Новак, Девдара ва Коху дар асри 21 то ҳанӯз барқ надоранд. 

Аниқтараш қисман доранд – аз ҳисоби нерӯгоҳҳои дастисохти кӯчак, генераторҳои ҳамешавайрон, аммо ба ин деҳаҳо то ҳол хати барқ бурда нашудааст. 

Дар баъзе аз ин деҳаҳо нерӯгоҳҳои хурдакаки дастисохт, ки чанд оиларо бо барқи камшиддат таъмин мекунад вуҷуд доранд, аммо дастрасӣ ба ин барқ барои моликони он гарон тамом мешавад. Ин нерӯгоҳҳо зуд-зуд вайрон мешаванд, гоҳе селашон мебарад ва нигоҳбонии ҳамешагиро талаб мекунанд.

Дар баъзеи дигар генераторҳои фарсудаи дизеливу бензинӣ вуҷуд доранд, ки агар се рӯз барои чанд оила барқ доданд, чанд рӯзи дигар ҳам барои таъмир бекоранд. Гаронии қимати соляркаву бензин ҳам иҷозат намедиҳад, барқро дуруст истифода кунанд.

Ба кони тилло аз Норак сими барқ бурда шудааст, ки аз ин деҳаҳо убур мекунад. Аммо ба сокинон иҷозат нест ба он пайваст шаванд.

Тиллои кушанда

Аз замоне, ки чиниҳо кони тиллои Пакрутро соҳиб шудаанд, тиллои он балои сари мардуми ин деҳаҳо гаштааст. Яке аз тозатарину хушобтарин дарёчаҳо – дарёчаи Лифеғар ба кони заҳр табдил ёфтааст. Чиниҳо партови корхонаи тиллобарориро дар ин дарёча мерезанд ва истифода аз оби он комилан ғайримумкин шудааст. 

Ҳамчунин ҳавои ин минтақа, ки қаблан шаҳриҳо барои нафас гирифтани ҳавои тоза онҷо мерафтанд, аз ҳавои шаҳрҳои саноатӣ вайронтар шудааст. Занбӯри асал дар дара дар ҳоли нобудшавист.  

Замоне, ки кони Пакрут дар ихтиёри инглисиҳо қарор дошт, онҳо мардумро огоҳ карда буданд, ки фаъолияти корхонаи коркарди тилло ба табиат ва одамону ҷонварон дар сикилометриаш зарар мерасонад ва бо талаби мардум бархе фаъолиятҳояшонро қатъ карда буданд.  Аммо чиниҳо на танҳо аз мардум иҷозае напурсиданд, балки баръакс онҳоро чун ғулом кор мефармоянд. 

Қисме аз сокинони ин деҳаҳо ба кор дар кони тилло ҷалб шудаанд. Кор дар ин гуна корхонаҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ дорад ва молики корхона бояд ба ҷуз моҳона, ҳамчунин ҷубронпулӣ пардохт кунад. Аммо на танҳо аз ҷубронпулӣ хабаре нест, балки аз моҳонаи мардум ҳам бурида мешавад.

Қаблан барои ҳар рӯзи корӣ ба мардуми маҳаллӣ 100 сомонӣ пардохт мешуд. Ҳоло бошад, дар ҳоле ки қурби сомонӣ ду баробар поён рафтааст, ҳақи кори мардум ҳам ду баробар камтар гардида – чиниҳо ба мардуми маҳаллӣ барои як рӯзи корӣ 50-60 сомонӣ пардохт мекунанд. Даъвои мардум ба мақомоти маҳаллӣ ҳамеша ба нафъи чиниҳо тамом мешавад. 

Говҳои ҷӯшоии Амирзода Раҳмон

Деҳаҳои дараи Ромит, тибқи гуфтаи сокинон, ба “говҳои ҷӯшоии Амирзода Раҳмон”, раиси ноҳияи Ваҳдат табдил шудаанд. Бар ҳар ҷашну ид, “иншооти ҷашнӣ”, сафари раисҷумҳур, ҷашнҳои ноҳиявӣ ва ғайра аз онҳо пул ҷамъоварӣ мекунанд.

Ҳар хонавода вобаста ба ҷашну ид – сар аз соли нав то Наврӯзу ҷашни Истиқлол, сохтмони “биҳишт”-и Амрзода барои раисҷумҳуру “парки Рустам”, маҷбур аст аз 50 то 100 сомонӣ пардохт кунад. Ҳамчунин ҳар деҳа вазифадор аст, дар вақтҳои муайян барои ширкат дар “иншоотҳои ҷашнӣ” чанд мардро сафарбар кунад. Шумори идҳо ҳам кам нестанд, ҳатто барои 8 март маблағ ҷамъ мекунанд. Агар сароянда ё раққосае ба Ваҳдат “ташриф” овард, аз мардуми дараи Ромит пули билет ситонида мешавад. Ба консерт рафтанро, хушбахтона, намояндаи раисҷумҳур ҳанӯз маҷбурӣ накардааст. Муҳим, пули билет пардохт шавад. 

Сокинон мегӯянд, Амирзода, собиқ ҷанговари Фронти халқӣ бо ин роҳ аз мардуми дараи Ромит, ки солҳои ҷанг дар ихтиёри муҷоҳидин қарор дошт, қасос мегирад. Ва нафраташ ба мардуми дараро низ пинҳон намесозад. 

Қасоси Амирзода аз мардум бо ғуломсозии мардону занон тамом намешавад. Кӯдакони ин минтақа низ ғуломони пуловари ҳокими Ваҳдат мебошанд. Дар баҳор аксари кӯдакони ин деҳаҳо маҷбуран ба чукричинӣ фиристода мешаванд. Ҳар кӯдак маҷбур аст рӯзона ба даҳ сомонӣ чукрӣ ҷамъоварӣ кунад, онро фурӯшад ва пулашро бурда ба мактаб супорад. Ин қиссаи кадом давлати ғуломдории асри 10 нест. Ин зиндагии кӯдакони дараи Ромит, дар асри 21 дар 60 километрии пойтахти Тоҷикистон аст.  

“Мактаби кӯҳна”

Аз замони истиқлол мактабҳои дара на навсозӣ шудаанд ва на ҳатто рӯи таъмирро дидаанд. Ба истиснои як мактаб дар Ғускеф, ки кадом созмони хориҷие бунёд карда буд ва ҳукумат, на маҳалливу на марказӣ ҳеҷ саҳме дар он надорад. 

Макотиби дара бештар ба “мактаби кӯҳна”-и Садриддин Айнӣ шабоҳат доранд, на ба мактабҳои ақалан асри 20. Бештари онҳо дар ҳоли садамавӣ қарор дошта, дарс дар аксари ин мактабҳо бастагӣ ба боду ҳаво ва фасли сол дорад.

Барои мисол, мактаби деҳаи Пучеф, мешавад гуфт, бом надорад. Албатта як шакли ба бом монанд болояш мавҷуд аст, аммо вақте борон ё барф борид, имкони нишастан дар синфҳо вуҷуд надорад – боми ҳамаи синфҳо мечаканд. 

Мактаби деҳаи Новак, ки 7 сол қабл аз тарафи сокинон бунёд шуд, дару тиреза надорад ва таҳсил дар он танҳо дар ҳавои мӯътадил имконпазир аст. 

Соле қабл қарор буд раисҷумҳур ба деҳаи Архуи дараи Ромит сафар кунадд. Анъана аст, ки қабл аз сафари ӯ ҳатман “иншоот”-е бунёд мекунанд. Сокинони деҳ ҳам ба ҳамин умед буданд. Ҳатто онҳоро барои ҳашар ба мактаб даъват карданд. Аммо бар хилофи интизории онҳо, ки фикр карданд мактби нав бунёд мешавад, ҳадафи ҳашар бунёди ҳоҷатхонаи мактаб буд. 

Сафари Раҳмон ҳам баргузор нагашт. Зоҳиран буридани лентаи ҳоҷатхонаро ба худаш лоиқ надид.. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>