Муҳаммад Икром, коршиноси сиёсии Афғонистон дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфтааст, бо таваҷҷӯҳ ба касрати бозигарони хориҷӣ ва таъсири авомили дохилӣ наметавон ба ояндаи сулҳ дар ин кишвар умедвор буд.
Муҳаммад Икром, нависанда ва коршиноси сиёсии Афғонистон дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар бораи музокироти ахир ва эҳтимоли имзои “тавофуқномаи сулҳ” миёни Амрико ва Толибон дар Доха гуфт: Бо таваҷҷӯҳ ба касрати бозигарони минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва таъсири авомили мухталифи иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ наметавон дар ояндаи наздик ба сулҳ умедвор буд.
Вай афзуд: “Афғонистон даргири ҷанги чиҳилсола ба унвони тӯлонитарин набарди муосир дар ҷаҳон будааст. Бинобарин сулҳ низ замони зиёде хоҳад бурд ва печидагиҳои бисёре дорад”.
Ин коршиноси барҷастаи масоили Афғонистон дар бораи хурӯҷи комили низомиёни амрикоӣ аз кишвараш паси тавофуқ миёни Вашингтон ва Толибон гуфт:
“Миёни сиёсатмадорони Амрико бар сари хурӯҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон иттифоқи назар вуҷуд надорад. Трамп аз хурӯҷи комил сухан мегӯяд, аммо генералҳои амрикоӣ дар ин замина ҳушдор медиҳанд.
Бархе ниҳодҳои низомӣ ва иттилоотии Иёлоти муттаҳидаи Амрико хоҳони идомаи фаъолият дар Афғонистон ҳастанд. Бинобарин наметавон гуфт, ки Амрико тамоми низомиён худро аз Афғонистон хориҷ мекунад”.
Андешаманд перомуни рӯйкарди гурӯҳи Толибон дар сурати вуруд ба саҳнаи сиёсии Афғонистон низ тасреҳ кард:
“Толибон бо таваҷҷуҳ ба музокироти шоҳонаи Амрико бо ин гурӯҳ ва имзои тавофуқномаи хурӯҷ, худро барандаи ҷанг дар Афғонистон ва ин кишварро ғанимати ҷангӣ ва ҷиҳодӣ медонанд.
Гурӯхи Толибон дар чунин вазъияте дар фикри эҳёи Аморати исломии худ аст ва бо ҳеҷ фишоре аз сӯи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва дигар тарафҳои ҷаҳонӣ ба камтар аз зимомдорӣ қонеъ намешавад.
Рӯйкарди Толибон дар сурати бозгашт ба қудрат низ тафовуте бо гузашта нахоҳад дошт. Ин гурӯҳи ифротӣ даҳшатафган ва саффок аст ва қироати худро аз ислом ҳақиқати мутлақ медонад”.
Ин коршиноси масоили минтақа дар бораи чигунагии тавофуқ миёни тарафҳо ва ҷойгоҳи давлати Афғонистон дар раванди музокироти Амрико бо Толибон ҳам тасреҳ кард:
“Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар ҳашт даври музокира бо Толибон хурӯҷи қувва ва ин ки ин гурӯҳ дигар хатаре барои Афғонистон маҳсуб намешавадро пазируфта ва тавофуқнома низ барои имзо таҳия кардааст.
Вашингтон барои тазоҳур, муоҳидаи ҷадидеро бо Афғонистон низ имзо мекунад то нишон диҳад давлати ин кишвар аз музокирот ва тавофуқи сулҳ миёни Амрико ва Толибон матлаъ ва бо он мувофиқ будааст, аммо ин воқеият надорад”.
Ӯ дар поён ба ташреҳи тавофуқномаи сулҳ ва раванди хурӯҷи нахустин гурӯҳи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон пардохт ва изҳор дошт:
“Дар ҳоле, ки гуфта мешавад талош барои расидан ба тавофуқи комил идома дорад, ҳар рӯз шоҳиди даргирӣ ва инфиҷор дар Афғонистон ҳастем. Ин вазъият бар раванди сулҳ таъсир манфӣ дорад. Толибон барои исботи қудрат ва гирифтани имтиёзи бештар, амалиёти интиҳорӣ ва инфиҷорро идома медиҳад.
Гурӯҳи Толибон бо Амрико тавофуқи сулҳ имзо мекунанд, аммо аз сӯи дигар дар садди тасоҳуб ва ғасби қудрат аст. Толибон то расидан ба қудрат ва сарнагунии давлати Афғонистон ба ҷанг идома медиҳад. Ин гурӯҳ қобили эътимод нест ва нишон дода, ки ба ҳиҷ тавофуқ ва тааҳҳуде пойбандӣ надорад».