Як духтари ноболиғи тоҷик дар Саратови Русия се маротиба мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтааст.
Барои таҷовузи аввал як тоҷики дигар ба зиндон рафта, марди озарбойҷоние, ки дар ду таҷовузи дигар муттаҳам мешавад, дар озодӣ қарор дорад. Дар ин бора радиои “Муҳоҷир” хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи манбаъ, пас аз ин ҳодисаҳо духтар се маротиба даст ба худкушӣ задаасту ҳоло дар беморхона, дар ҳолати вазнини рӯҳӣ карор дорад.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҷамъияти тоҷикони Саратов – “Дустӣ” Истадхон Саломова гуфта, ҳама гуноҳ дар худи духтар асту дар хаққи гумонбар тӯҳмат мезанад.