Содироти сангу металҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тилло аз Тоҷикистон 125 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, воридоти ин намуди маҳсулот беш аз 10% камтар гардидиаст.
Тибқи иттилоъи Агентии омори кишвар, Тоҷикистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷ ба маблағи $124,8 млн. мангу металҳои қиматбаҳо содир кардааст, ки қисми асосии онро тилло ташкил медиҳад.
Дар ҳамин давраи соли гузашта содироти тиллову сангҳои қиматбаҳо ҳудуди як миллион долларро ташкил дода буд, ки имсол 125 баробар афзудааст.
Коршиносон сабаби афзоиши содироти сангу металҳои қиматбаҳоро дар бӯҳрони амиқи иқтисоди Тоҷикистон мебинанд. Кам шудани даромад аз андоз ва мушкилтар шудани дарёфти қарз мақомоти кишварро водор ба фурӯши сангу металҳои қиматбаҳо кардааст.
Имкон дорад то охири сол ин рақам афзоиши босуръаттаре касб кунад. Бо дарназардошти ин ки тирамоҳи мавсими пардохти қарзҳои хориҷист ва асъори хориҷӣ дар кишвар бо шиддат камёфт шудааст, имкони зиёди афзоиши боз ҳам бештари фурӯши тилло ба хориҷ вуҷуд дорад.
Камшавии воридот низ, ки асосан аз маҳсулоти тайёр иборат аст, аз вуҷуди бӯҳрон дар кишвар дарак медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, қимати тилло дар ҳоли афзоиш аст. Дар тиҷорати байнибонкии биржаи Лондон, бегоҳи ҷумъа, 29 август қимати як унси трой 1,85 доллар боло рафт ва ба $1528,4 расид.