Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Фирори муаззини масҷиди Зафаробод баъди кӯшиши муттаҳамкуниаш ба дуздӣ

$
0
0

 Баъди кӯшиши муттаҳамкунии муаззини масҷиди ба номи Имом Бухории ноҳияи Зафаробод ба дуздӣ аз тарафи шӯъбаи Кумитаи амният дар ин ноҳия, ӯ аз кишвар фирор кардааст. Ин аввалин тақаллуб аз тарафи амниятиҳои ноҳия ва аввалин фирори ходими масҷид нест. 

Тибқи маълумоте, ки ба дасти Паём расид, муаззини масҷиди марказии ноҳияи Зафаробод рӯ ба фирор овардааст.Ба гуфтаи намозгузорони ин масҷид, вақти ҷамъоварии садақот баъди намози иди Қурбон, кормандони амниятӣ ба халтаи пулҷамкунӣ як купюраи 100 долларӣ мепартоянд, аммо баъдан, вақти ҳисобу китоби маблағи ҷамъшуда он 100 доллара пайдо намешавад. 

Кормандони амният ҳамаи ходимони масҷидро бозҷӯӣ намуда, дар охир муаззини масҷид Ҳоҷӣ Ваҳҳобро муттаҳам мекунанд. Аммо баъдан маълум мешавад, ки Ҳоҷӣ Ваххоб, ки худ аз сарватмандони ноҳия буда, яке аз қассобони халолкор ба шумор мерафт, ба Русия фирор кардаст. 

Мардум тахмин мезананд, ки шояд зери нишон гирифтани Ҳоҷӣ Ваҳҳоб аз ҷониби раиси нави амнияти ноҳия, аз оилаи сарватмандони қассобони Зафарободу Истаравшан будани ӯст. Чун ӯро на танҳо сарватманд, балки инсони бисёр тақводор ҳам мешиносанд, ба иттиҳоми КДАМ камтар касе бовар мекунад. 

Аз тарафи дигар Ҳоҷӣ Ваҳҳобро чун нафари далеру ҳақгӯ муаррифӣ мекунанд. 

Гуфтанист, баъди аз кор рафтани собиқ роҳбари КДАМ дар Зафаробод Саидов Фируз, ки худро муаллими фалсафа муаррифӣ мекард, ба ҷояш яке аз хешовандони Саймумин Ятимов таъин шудааст. 

Баъд аз амалиёти нобарори амниятихои ноҳия бо роҳбарии собиқ раисашон Саидов Фируз, ки ҳоло ба вилояти автономи Бадахшони Кухӣ ба вазифаи пасттар таъин шудааст, ин дувумин кӯшиши сиёҳ кардани намояндагони рӯҳоният аст. 

Манбаъи Паём мегӯяд, соле пеш амниятихо мехостанд имомхатиби ноҳия домулло Самандарро, ки аз мардуми боимони водии Яғноб аст, бо тақаллубкорӣ равонаи зиндон кунанд. Вале хушбахтона ин амалиёташон ба шикаст мувоҷеҳ шуд ва домулло Самандар аввал ба пойтахт паноҳ бурда, баъдан тарки кишвар кард. 

Ба назар мерасад, ҳамин шикаст сабаб шуд Саидов аз ҷои равғанӣ маҳрум гашта ба ҷояш шахси наздики Ятимов таъин гардад. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>