Вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев супориш додааст навори латукӯби як муҳоҷир, ки зоҳиран шаҳрванди Тоҷикистон аст, тафтиш карда шавад. Қаблан дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон дар бораи ирсоли нома аз ҷониби Рамазон Раҳимзода ба ҳамтои русиаш хабар дода буд.
Намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк дирӯз, душанбе ба рӯзноманигорон гуфтааст:
“Вазири умури дохилаи ФР, ҷенероли пулис Владимир Колоколтсев ба шӯъбаҳои дахлдори ниҳод супориш дод навори латукӯби як мардро, ки зоҳиран шаҳрванди Тоҷикистон аст, тафтиш кунанд”.
Дар ҳоли ҳозир, ба қавли Волк, худи навор тафтиш мешавад ва ҳамчунин макони наворбардорӣ, сана ҷой ва дигар ҷузъиёти содиршавии ҷиноят тафтиш мегардад.
Гуфтанист, рӯзи 30 август ба дасти Паём наворе расид, ки дар он дида мешавад аз ҷониби шахсони номаълум як нафар латукӯб мешавад. Ҳангоми латукӯби бераҳмона, аз латукӯбшаванда чандин бор ба такрор пурсида мешавад, ки аз кадом миллат аст. Ниҳоят марди латукӯбшудаистода, худашро тоҷик муаррифӣ мекунад. Озордиҳандагон баъди худашро тоҷик муаррифӣ кардани ин мард, баробари латукӯб ба дашноми миллати тоҷик мегузаранд.
Тавре дар навор дида мешавад, озордиҳандагон чандин бор ба бадани ин тоҷик корд мезананд ва ҳатто хуни дар корд олудашударо намоишкорона ба дурбини наворбардорӣ нишон медиҳанд. Дар навор ҳатто овози занон шунида мешавад, ки мегӯянд, чаро инҷо меомадӣ, аз хонаат набаромада менишастӣ, ба ин ҳол гирифтор намешудӣ.
Дар куҷои Русия сабт шудани ин навор ва кӣ будану дар чӣ ҳол қарор доштани латукӯбшуда то ҳол маълум нест.
Дирӯз дафтари матбуотии ВКД навишт, ки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзод бо ирсоли номае ба ҳамтои русиаш Колоколтсев В.А. аз ӯ хоҳиш кардааст барои ошкор кардани омилони лату кӯб ва кордзанӣ ба муҳоҷири тоҷик мусоидат намояд.
Дар хабаре, ки дафтари матбуотии ВКД нашр кардааст, гуфта мешвад мактуб “худи ҳамон рӯз” (зоҳиран дафтар рӯзи нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоиро дар назар дорад) ба вазири корҳои дохилии Русия ирсол шудааст. Дар ҳоле, ки дафтари матбуотии ВКД хабари дуздии як телефон ё латукӯби зан аз тарафи шавҳарро билофосила нашр мекунад, маълум нест чаро чунин хабари муҳимеро баъди 3 рӯз нашр мекунад.