Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ду Ёров ва Иззат Амон номзадҳои ҷоизаи ба номи Файзинисо Воҳидова

$
0
0

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова эълон кардааст пас аз баррасии тӯлонӣ се номзади асосии ҷоизаи ба номи Файзинисо Воҳидоваро интихоб кардааст. Ин ҷоиза ба кунишгарони арсаи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва фаъолони иҷтимоӣ эҳдо мешавад.

Аз байни 40 номзади пешниҳодшуда дабирхона се номзади ниҳоиро интихоб кардааст, ки яке аз онҳо баъди овоздиҳии ниҳоӣ соҳиби ҷоиза хоҳад шуд. Ин се нафар иборатанд аз вакили маъруфи дифоъ ва зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Каримҷон Ёров ва вакили дифоъ муқими Русия Иззат Амон.

Гуфтанист ҳафтаи гузашта Бузургмеҳр Ёров ҳамчунин номзад ба дарёфти ҷоизаи пурэътибори ба номи Васлав Ҳавел гашта буд.  

Матни аёнияи Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова ба шакли зер аст:

Баъд аз эълони сабти расмии Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Литва дар таърихи 16 июли соли ҷорӣ, Дабирхонаи ин ҷоиза дар ҳамон таърих тайи баёнияе аз шаҳрвандони азизи кишварамон даъват ба амал овард, то афрод ва созмонҳои мавриди назари худро барои дарёфти ин ҷоиза муаррифӣ намоянд.

Дар як муддати кӯтоҳ, беш аз 40 шахсият ва ниҳод барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова тавассути мардум ба Дабирхона муаррифӣ шуданд.

Дабирхона билофосила Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоизаро ташкил дод. Нӯҳ (9) шахсияти маъруфи байналмилалӣ – ҳуқуқдонҳо, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони матраҳ – аъзои ин комиссия мебошанд, ки дар сурати зарурӣ, ному насаби онҳо расонаӣ хоҳад шуд.

Комиссия билофосила ба кори худ оғоз намуд ва тайи баргузории 6 ҷаласаи корӣ ба сурати онлойн, аз миёни 40 шахсият ва ниҳодҳои муаррифишуда тавассути мардум, се нафарро ба унвони номзадҳои ниҳоӣ барои дарёфти ин ҷоиза интихоб намуд, ки дар рӯзи маросими эътои ин ҷоиза – ки дар даҳаи дуввуми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор хоҳад гардид – яке аз ин се номзади ниҳоӣ, ба унвони барандаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дар соли 2019 эълон ва ҷоиза барояш эъто хоҳад шуд.

Номзадҳои ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дар соли 2019 иборатанд аз:

Каримҷон Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Иззат Амон

Ҳамчунин, ба 5 нафар аз кунишгарони арсаи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва фаъоли иҷтимоӣ низ, лавҳи тақдир эҳдо хоҳад гардид.

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова вазифаи худ медонад, ки камоли тақдиру ташаккури худро ба аъзои мӯҳтарами Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза иброз бидорад. 

Бо эҳтиром,

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова

2 сентябри соли 2019


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>