Як сол мешавад, ки сойти хабаргузории Азия Плюс масдуд аст. Ду ҳафтаи охир моликони ин сойт ба он дастрасӣ надоранд. Ҳадаф аз масдудкунунии яке аз пурхонандатарин сойтҳои кишвар амнияти иттилоъотӣ аст ё ғасби ин хабаргузорӣ?
Чуноне ки дар сойти расмии Азия-Плюс омадааст, сойт ба воситаи тақаллуб дар DNS серверов масдуд шудааст. Яъне онҷо ҷои ҳари о рақами 0 навишта шудааст. Ба DNS сервер бошад танҳо Хадамоти алоқа, ки онро қудои раисҷумҳур Бег сабурӣ раҳбарӣ мекунад, дастрасӣ дорад.
Таҳоҷуми лафзӣ ба нашрия ҳанӯз соли 2015 оғоз шуда буд, аммо солҳои охир дастрасии он ба маълумотро низ қатъ кардаанд.
Ним сол қабл гурӯҳи ҷавонони “Авангард”, мутааллиқ ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 9 феврали соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук вокунише ба мақолаи “Азия Плюс” нашр кард ва ин хабаргузориро дар ҳамкорӣ бо Иёлоти муттаҳидаи Амрико муттаҳам сохт.
“Авангард”-ро мақолаи “Чаро мардум то ҳол аз милисаҳои тоҷик метарсанд” ба “хашм” оварда буд. Ҳарчанд хашму меҳрубонии ин гурӯҳ ҳамеша аз фармони “боло” вобастагӣ дорад.
“Авангард” ҳамон гурӯҳест, ки бо супориши ВКД назди сафоратхонаҳои Олмон, ИМА ва Ирон тазоҳурот гузаронида буд. Таҳлилгарон ҳам ба ин назаранд, ки ин созмон бидуни фармон аз раҳбарияти вазорат ҳарфе намезанад.
Дар мақолаи “Азия-Плюс” дар бораи он гуфта мешуд, ки мардум чӣ қадар ба милисаи кишвар бовар дорад ва барои ба ин ниҳод баргардонидани обрӯву эътибори пештара чӣ ислоҳоте бояд роҳандозӣ кард.
Вале ба “Авангард” ин пешниҳодҳо писанд наомаданд.
“Маро ҳамчун як ҷавон як чизи дигар ба андеша андохт, ки худи ҳамин маҷалла ва кормандони он дар пешрафти ҷомеа ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон, мардуми кишвар ва пешрафти ҷомеа чӣ саҳм гузошта бошанд?!” – мепурсад муаллифи мақола Фирӯз Маҳмадулло.
Ӯ ҳамчунин таъкид мекунад, ки бунёдгузори хабаргузорӣ Умед Бобохонов “худ дар дигар кишварҳо гашту гузор карда, аз куҷо медонад, ки зердастонаш ўро фиреб карда, ҳар чизе хоҳанд навиштан мегиранд”.
“Ман ҳамчун як ҷавон фикр мекунам, ки онҳое, ки аз милитсия тарс доранд, худ ё ҷинояткоранд ва ё дар паи содир кардани ҷиноят мебошанд” таъкид мекунад Маҳмадулло ва даъво дорад, ки “Азия-Плюс” ҳамша “зери нохун чирк мекобад”.
Гуфтанист, ки сойти хабаргузории “Азия Плюс” як соли охир ба мушкили ҳамешагии масдудшавӣ рӯбарӯст. Ҳеҷ мақомоте сабаби ин масдудкуниро шарҳ намедиҳад.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотиаш дар 12 феврал бо такя ба мақомоти марбута гуфта буд, дар Тоҷикистон сойтҳои хабарӣ ба хотири амният масдуд мешаванд.
“Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳар кас чизе хост, кадом ақидаеро мехост метавонист дар инҷо тарғиб кунад. Баъди ин мо хеле чизҳоро омӯхтем. Маълумот асбоби қавие аст, ки ҳар корро метавонад анҷом диҳад. Барои ба танзимдарории ин равишҳо, тарбия кардани шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ғайра баъзе сойтҳо гоҳе масдуд мешаванд” – гуфта буд вазир.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи манбаъи “Паём” ширкати “Фароз” ба хабаргузории “Азия Плюс” чашм ниҳодааст. “Фароз” дар бисёре аз соҳаҳо бизнеси худро роҳандозӣ карда ва ба бузургтарин ширкати монополии шахсӣ табдил ёфтааст, аммо то ҳол расонаи худро надорад. Медиа-гурӯҳи “Азия Плюс”, ки яке аз пурэътибортарин хабаргузориҳои кишвар аст ва даромдаи хубе ҳам аз реклама дорад, барои ин ғӯли монополист луқмаи равғаниест, ки метавонад бо ҳар роҳе азхуд кунад – холдинги “Азия Плюс” дорои телерадиокомпания, газетаҳо ва агентиҳои хабариву рекламавӣ аст.
Тибқи иттлоъи манбаъ “Паём” ҳарф дигар сари харидуфурӯши агентӣ ҳам нест – “Фароз” мехоҳад онро бепул ғасб кунад.
“Фароз” ба домоди раисҷумҳури Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов таъаллуқ дорад ва ин ширкат таҷрибаи бойи ғасбсозиро дорост. Барои мисол, танҳо дар соли 2018 “Фароз” ширкати “Вефа-сентр”, ки ба соҳибкорони турк таъаллуқ дошт ва Лото-спорт, ки моли соҳибкорони тоҷик будро, ғасб кард.
Худи ширкати “Фароз” ҳам ғасбшуда аст. Ин ширкат қаблан ба Умаралӣ Қувватов, соҳибкор ва поягузори Гурӯҳи 24 таъаллуқ дошт, ки аз тарафи Шамсулло Соҳибов ғасб гардид. Шамсулло Соҳибовро фармоишгари қатли Умаралӣ Қувватов медонанд, ки соли 2015 дар Истамбули Туркия парронда шуд.
Дар ҳисоботе, ки созмони фаронсавии “Хабаргузорони бидуни марз” дар бораи озодии баён нашр кардааст, Тоҷикистон байни 180 кишвар дар мавқеъи 149-ум қарор дорад. Дар ду соли охир нашрияҳои мустақили маъруфе чун “Нигоҳ” ва “Озодагон” зери фишори мақомот фаъолияти худро қатъ карданд.