Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Эътирози қазоқҳо ба бунёди корхонаҳои чинӣ

$
0
0

Ҳудуди 100 сокини шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау  дирӯз 2-юми сентябр дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ шуда, норозигии худро ба созишномаи байниҳукуматии Қазоқистону Чин дар бораи бунёди 55 коргоҳи саноатӣ баён карданд.

Ҷамъшудаҳо аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев талаб карданд, ки сафари худро дар рӯзҳои 12 ва 13-уми сентябр ба Чин бекор кунад. Онҳо ҳамчунин аз шаҳрдории Жанаозен хостанд, сабаби қарз гирифтан аз Чинро шарҳ диҳад.

Ба назди эътирозгарон муовини шаҳрдори Жанаозен Амонгалӣ Нурдаулетов баромада, хост, сокинонро ором созад. Вале ҷамъшудаҳо мулоқот бо раиси вилояти Мангистауро талаб карданд.

Ба гуфтаи тазоҳургарон, дар ниҳоят тасмим гирифта шуд, ки раиси вилояти Мангистау барои мулоқот бо сокинон ба Жанаозен хоҳад рафт. Дар натиҷа сокинон пароканда шуданд.

Чин чаҳорумин сармоягузор ва севумин қарздиҳандаи бузурги Қазоқистон аст. Қазоқистон дар навбати худ барои Чин манбаи ашёи хом, бозори фурӯши маҳсулот ва минтақаи транзитӣ мебошад. Пекин имсол ба Нурсултон 2 миллиарду 62 миллион юан додааст. Қазоқистон дар ҳоли ҳозир аз Чин беш аз 12 миллиард доллар қарздор аст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>