Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бонки ҷаҳонӣ: монеъи аслии рушди интернет дар Тоҷикистон Хадамоти алоқа аст

$
0
0

Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши нозанашркардааш гуфтааст Хадамоти алоқаи Тоҷикистон монеъи асосии рушди соҳаи мухобирот дар Тоҷикистон аст. Ин Хадамотро қудои раисҷумҳур Бег Сабур раҳбарӣ мекунад.

Таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ ва водор кардани ширкатҳо ба хариди интернет танҳо аз “Тоҷиктелеком”, маҳдудият дар фурӯши симкорт, манъи алоқаи NGN ва алоқаи навъи – Voice over Internet Protocol.–ро Бонки Ҷаҳонӣ аз иқдомоти Хадамоти алоқа медонад, ки “боис ба рукуд ё карахтии ин соҳа гаштааст”. 

Дар ин гузориш гуфта мешавад, соҳаи мухобирот дар Тоҷикистон, дар оғози солҳои 2000-ум бо суръат рушд мекард ва тавони рақобатро дошт, аммо ҳоло дар поёнтарин сатҳ дар ҷаҳон қарор дошта рақобатпазириашро пурра аз даст додааст. Бонки ҷаҳонӣ ба ин назар аст, ки “дар ин соҳа бархӯрди манфиатҳо вуҷуд дорад”.

“Худи Хадамоти алоқа сиёсати соҳаи мухобиротро муайян мекунад, аммо дар ҳамин ҳол молики ширкати “Тоҷиктелеком” аст, ки монеъи воридшавии сармояҳои хусусӣ ва рушди интернет шудааст”, — омадааст дар гузориш.

Дар гузориш таъкид шудааст Тоҷикистон аз рӯйи шароит ва санадҳои танзимкунандаи соҳаи мухобирот дар ҷаҳон дар ҷойи охир қарор дорад ва рейтинги рақобатпазириаш ба сифр баробар аст.

Дар гузориш гуфта мешавад Хадамоти алоқа намегузорад ширкатҳо ба самти Чин ва Афғонистон ноқилҳои оптикӣ бикашанд. Ин гуна хатҳо метавонист ба кам шудани хароҷот ва афзоиши суръату сифати интернетро мусоидат кунад.

Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақид аст болобарии андоз, ҷорӣ кардани аксиз ва татбиқи қоидаҳои мутафовити андозситонӣ аз ширкатҳо ба муфлисшавии ширкатҳои мобилӣ оварда расонидааст. 

Ин боис гардид ширкатҳои шведии Telia ва ҳолландии Veon саҳмияҳои худро дар Tcell ва Beeline фурӯхта, тарки Тоҷикистон кардаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>