Котиби дафтари матбуоти перзиденти Руссия Димитрий Песков дар ҷамъи журналистон дар Ереван- пойтахти Арманистон гуфтааст, ки кишвараш интиқоли таҷҳизоти низоми дифоъ аз таҳоҷуми ҳавоиро ба Туркия мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор додааст.
Песков таъкид намудааст, ки ҳамкориҳои Руссияву Туркия дар масъалаи низоми дифоъ аз таҳоҷуми ҳавоӣ дар сархатти мулоқоти раисҷумҳурони ин ду кишвар будааст.
Ёдовар мешавем, ба қарибӣ Владимир Путин, президенти Руссия таҳти як сафари расмӣ аз Туркия дидан намуд ва бо Раҷаб Тайиб Эдуғон, раисҷумҳури ин кишвар дидору мулоқ дошт.
Песков дар ин робита афзудааст, дар сурати мароқ зоҳир намудани ҷониби Туркия Руссия омода хоҳад гашт, ки намудҳои мухталифи системаи дифоъ аз таҳоҷуми ҳавоиро дар ихтиёри ин кишвар гузорад.
Дар ҳамин ҳол котиби дафтари матбуоти перзиденти Руссия ишора намудааст, ки ин ҳамкорӣ, яъне интиқоли системаи дифоъ аз таҳоҷуми ҳавоӣ соф тиҷоратӣ хоҳад буд ва як нуктаи ҳассоси ин ҳамкориҳо ба шумор меравад..