Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Як автобуси пур аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Южноуралск боздошт гардид

$
0
0

Бино ба хабарҳои расонаҳои иттилоотии Руссия мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии ин кишвар дар километри 89 уми шоҳроҳи Челябинск- Троитск автобусеро боздошт намуданд, ки дар дохили он 77 нафар бошандаи Тоҷикистон буданд.

Гуфта мешавад, пас аз тафтиши асноди ин муҳоҷирони корӣ маълум шудааст, ки 9 нафар аз онҳо дар гузашта қавонини буду бошро дар Руссия тахриб намудаанд ва кунун ғайриқонунӣ вориди хоки ин кишвар гаштаанд. Назар ба маълумотҳо афроди вайронкори қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.


migr2Дар ҳамин ҳол, Елена Заварухина, сарвари шӯъбаи масоили муҳоҷират дар шӯъбаи байниидоравии ВКД- и Руссия дар Южноуралск гуфтааст, ки ронандаи автобус низ беҷазо намондааст.

Вай, ки шаҳрванди Руссия будааст, барои он, ки бо нақлиёти таҳти идораи худ ба интиқоли шаҳрвандони хориҷӣ даст задааст, муҷрим дониста шуда, дар қиболи ӯ ду протоколи маъмурӣ навишта шудааст.


Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон ҷамъулҷам дар ҳаҷми 22 ҳазор рубл ҷарима карда шуда, пас аз пардохт ба хазинаи давлат ба роҳи худ идома додаанд.

migr3

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>