Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ГВИНЕЯИ ЭКВАТОРӢ

$
0
0

Ҷумҳурии Гвинеяи Экваторӣ давлатест дар Африқои Ҷанубӣ. Ягона давлат дар қитъаи Африқо, ки аҳолиаш  бо забони испанӣ ҳарф мезананд.Чун мавзӯъ сари шароити макотиб рафту вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шароити танги мактабҳои қитъаи Африқо сухан кушод, мо ҳам ба ин кишвар як дидан кардем.

Гвинеяи Экваторӣ ҳамсарҳад бо Габон ва Камерун мебошад. Аз ду қисмат иборат буда, қисме пайвастаи материки Африқо ва қисме ҷазира мебошад. Пойтахташ шаҳри Малабо дар ҷазираи Биоко ҷойгир шудааст. Хеле маълумоти аҷиб ин аст, ки номи маъмултарин миёни давлатҳои дунё Гвинея аст. Чаро мегӯед? Чунки нигоҳ кунед, чанд адад ва чанд хел номи Гвинея дорем? Гвинея, Гвинея-Биссау, Папуа-Гвинеяи Нав ва Гвинеяи Экваторӣ. Ин давлатҳои номашон монанд, тамоман  монанди якдигар нестанд. Аз ин қатор сарватмандтарину маълумтаринаш Гвинеяи Экваторӣ маҳсуб меёбад. Саршумори аҳолӣ қариби як миллион буда, аз он 51 % мардону 49 % занонанд. Шумораи аҳолӣ ин ҷо на он қадар зуд зиёд мешавад, ҳарчанд мардуми серфарзанданд. Чунки аз сабаби бемориҳои зиёди сироятӣ бисёр мефавтанд, 20% аз тифлон то синни панҷсолагӣ мефавтанд.  

Роҳбари давлат президент аст, ки дар 7 сол як маротиб тариқи раъйпурсии озод қабул карда мешавад. Охирин маъракаи интихобот соли 2016 санаи 24-уми апрел ба вуқӯъ пайваста буд, ки президенти давлат Теодоро Обианг Нгема Мбасого  интихоб гардид.  Парламент —якпалатагӣ иборат аз  100 нафар депутатҳо, ки аз тарафи мардум ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд. Аҳзоби сиёсӣ –  ҳизби демократӣ ва ҳизби сотсиал демократӣ, инчунин як қатор аҳзоби дигар фаъолияти махфии ғайрирасмӣ доранд. 

Масоҳати давлат 28 ҳазору 050 км мураббаъ, шаҳри калонтарини давлат Бата. 

Забонҳои расмии давлатӣ забони испанӣ ва фаронсавӣ ба шумор меравад. 

Воҳиди пули миллӣ франк, коди телефон +240 аст.

Дини мардум 87 % насрониёни шохаи католикӣ, 4% мусалмонон ва боқӣ дар адёни гуногун. Рӯзи истиқлолиятро 12-уми октябр ҷошн мегиранд.

Биёед, аввал ба иқтисодиёташ назар мекунем.  Шурӯъ аз соли 1990 суръати содироти нафт боло ҷаҳида, аз ин ҳисоб маҷмӯи махсулоти дохила сари ҳар нафар аҳолӣ ба зинаи аввал дар қораи Африқо баромад. Канданиҳои фоидаовари дигар низ зиёд  дошт, ба мисоли тилло, боксит, алмос, тантал, газ ва ғайра. Суръати ҷаҳиши даромаднокӣ, хусусан соли 2009 бараъло маълум гардид. Дар натиҷа дар Африқо ҷойи аввалро ва дар дунё миёни мамолики сарватманд ҷойгоҳи 30-юмро кашф намуд. Самти кишоварзӣ 2,4 % -и даромади солонаи давлатро ташкил мекунад. Самти хизматрасонӣ 4,2 %-ро боқӣ 93,3%-и даромади давлат аз ҳисоби соҳаи саноату истеҳсолот ба даст меояд. 

Парвариши пурсамари қаҳва, какао, биринҷ, ямс, кассава, банан, кокос ва соҳаи боғдориву чорвопарварӣ низ ривоҷ ёфтааст. Даромади беҳтаринро истеҳсолу истихроҷи нефт ба хазинаи давлат меорад. Масалан дар як худи соли 2013 14,6 миллион тонна нафту газ истеҳсол шуда буд. Калонтарин мавзеъҳои истеҳсоли нафт кони Алба ва Зафиро мебошанд.   

Ҳадди ақали моҳонаи мардум соли 3013 1000 долларро ташкил мекард. Ҳоло бо ҳисоби воҳиди пулии ҳамин давлат, яъне франк 129 ҳазор франк аст. Даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ аз гӯшаву канори давлатҳои африқо ба ин ҷо барои пайдо кардани кору ризқу рӯзиашон меоянд. 

Маориф

Системаи маорифи кишвар барои ҳамаи зинаҳои таҳсил ва дар кулли муассисаҳои таълимӣ таҳсилро ройгон  ҷорӣ намудааст. Гирифтани маълумоти миёна ин ҷо ҳатмист. Давомнокии гирифтани маълумоти ибтидоӣ панҷ сол аст. Баҳои дониши хонандагон аз рӯйи ҷадвали даҳбала муайян карда мешавад.  Баъди хатми макотиби миёна толибилмонро бо дастгирии давлат ба хориҷа баҳри идомаи таҳсил мефиристанд. Масалан ба Испания, Куба, Фаронса, Русия ва ИМА. Мавриди зикр аст, ки зиёда аз 60%-и ҷавонони маълумотнок мутахассисони  тайёркардаи донишгоҳҳои Русия мебошанд. Донишгоҳи миллии Гвинея соли 1995 таъсис ёфта буд.  

Маълумоте боз ҳам аҷибтар ин аст, ки бо ин ҳама даромаднокӣ давлатро ба қатори мамолики камбағал ворид кардаанд. Хоки ин сарзамин ранги сурх дорад. Шояд ин хок либосро он қадар олуда намесозад, ки либосҳои шустаашонро дар замин густурда мехушконанд. Сарватҳои зеризаминии кишвари мазкур ҳанӯз ба таври афсонавӣ бисёранд. 6%-и оҳани тамоми дунё ва 70%-и алюминии дунё  дар конҳои маъдани Гвинея маҳфузанд. Бархе аз шаҳрвандони сарватманди кишвар дар бонкҳои Шветсария суратҳисоби худро доранд. Дар бозори сиёҳ , яъне бо роҳҳои ғайриқонунӣ ҳуҷҷати муваққатии будубошро барои ин давлат харидан мумкин. То солҳои 70-ум табобат бо усулҳои гиёҳдармонӣ ривоҷ дошт. Дарёфти тилло дар кишвар барои ҳамагон иҷозат дода шудааст, яъне бо ҳар роҳ, ки  метавонанд, пайдо мекунанд. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>