Дирӯз, 3 сентябр, дар минтақаи наздисарҳадӣ байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯхи шаҳри Исфара ва деҳаи Орта-Бози ноҳияи Боткон муноқишаи нав сар задааст. .
Сабаби муноқиша, тибқи иттилоъи сухангӯи ҳукумати ш. Исфара Иқбол Тешаев, “худсарона ва бидуни мувофиқа” “ба марзи маъмурию ҳудудии деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара таҳти ҳимояти сарҳадбонон ва нерӯҳои таъиноти махсуси Қиргизизистон ворид гаштани сокинони деҳаи Орта-Бози ноҳияи Боткон сар задааст”.
Тешаев хабар додааст “қатъи назар аз қарордодҳои протоколии Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсия”, қирғизҳо “бо мақсади таъсису ташкили бозору фурӯшгоҳҳо” ба ин “амали иғвогарона тарҳрезинамудаи” худ даст задаанд, ки боиси норозигии мардуми маҳаллии деҳоти Чоркӯҳ гардидааст.
Манбаъ ҳамчунин гуфтааст ҷониби Қирғизистон, аниқтараш сокинон ва марзбонони қирғиз ҳатто монеъи ба маҳалла ва хонаҳои худ рафтани сокинони маҳаллаи Сомониёни деҳоти Чоркӯҳ шуда истодаанд, ки вазъиятро мураккаб намудааст.
“Роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар макони ҳодиса ҳузур дошта баҳри ба эътидол овардани вазъият корбарӣ доранд” – иттлоъ додааст Тешаев.
Тибқи иттилоъи манобеъи дигар, дирӯз бегоҳ мардум аз ду ҷониб пароканда шудаанд..
Видеое аз ҷониби нафаре аз сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шудааст, ки вазъиятро дар ин минтақаи наздисарҳадӣ аз нигоҳи шоҳидони ҳодисот бозгӯйӣ менамояд.