Раисҷумҳури Тоҷикистон фармони даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳро имзо кард.
Мувофиқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии кумитаи давлатии амнияти милли, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии ВКД,, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавкулода, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда хоҳанд шуд.
Тибқи ҳамин фармони раисҷумҳур, моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд.
Дар ин росто, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шудаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус бо дар назар доштани хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.
Сарбозгирӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон асосан бо роҳи боздошту зӯрӣ ё “облава” сурат мегирад. Қаблан мақомот танҳо баъди имзои раисҷумҳур ба боздошти ҷавонон шурӯъ мекарданд, аммо имсол пешгирӣ аз хурӯҷи ҷавонон аз кишвар як моҳ қабл оғоз гардид. Агентиҳои фурӯи билети ҳавопаймо аввали моҳи август дастур гирифтанд ба ҷавононе, ки дар сафи артиш хидмат накардаанд, билети ҳавопаймо нафурӯшанд.