Низомиёни Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳарбиёни Узбекистон дар манотиқҳои кӯҳии Ҷумҳурии Узбекистон машқҳои низомӣ доир мекунанд.
Дар размоиши мазкур ҳудуди 200 низомии Тоҷикистон иштирок мекунанд ва тамрини ҳарбӣ тӯли 5 рӯз давом хоҳад кард.
Тавре Котиби матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимов ба расонаҳои маҳаллӣ гузориш додааст, размоиш аз ҳафтаи оянда шурӯъ шуда, наздики 200 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва як қатор воҳидҳои Вазорати мудофиаи Узбекистон амалҳои таълимиву ҷангиро оиди ошкор ва маҳви гурӯҳҳои террористии эҳтимолӣ дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Намангон мавриди омӯзишу таҷриба қарор мегиранд.
Қобили зикр аст, ки нахустин тамринҳои муштараки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Узбекистон рӯзҳои 18-22 сентябри соли 2018 дар қароргоҳи маркази таълимии “Чоруқдайрон” ва машқгоҳи “Нурафшон” дар вилояти Суғд баргузор шуданд.
Он замон низ низомиёни ҳарду кишвар амалҳои муштаракро зидди гурӯҳҳои террористӣ мавриди омӯзишу санҷиш ва таҷриба қарор дода буданд.