Ҷашни 3000-солагии Ҳисор, ки соли 2015 бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид, то ҳол аз дастовардҳои ҳукумати ноҳия ва ҳатто кишвар талаққӣ мешавад. Аммо паси пардаи ин ҷашн саҳнаҳое намоишнадода боқӣ мондаанд, ки асосан саҳнаҳои трожедӣ ҳастанд.
Якуним сол қабл аз ҷашн, ҳанӯз дар авоили соли 2014 ҳукумати ноҳия ба аз хонаҳояшон хезондани даҳҳо оила ва вайрон кардани хонаҳои онҳо шурӯъ кард. Ба бехонашудаҳо ваъда доданд, ки дар камтарин фурсат барояшон замин ҷудо гардида, маблағи хонаҳояшон пардохт хоҳад шуд.
Аммо бо гузашти беш аз 5 сол мардум на танҳо маблағи хонаҳои вайроншудаашро нагирифтааст, балки ба қисмати зиёди онҳо ҳатто замин ҷудо нашудааст. Ба арзу шикоятҳояшон бошад ҳамеша посухи яксон мегиранд.
Қарори раиси шаҳри Ҳисор дар бораи додани қитъаи замин ба онҳое, ки хонаҳояшон бо сабаби бунёди иншооти ҷашнӣ вақрон карда мешавад ва пардохти маблағи сохтмони хонаи нав ба онҳо ҳанӯз 2 апрели соли 2014 таҳти рақами 448 имзо шудааст. Қимати хонаҳои вайроншуда низ ҳамон замон муайян гардида, қарори пардохти маблағи хонаҳо содир шудааст. Аз он замон қурби пули миллӣ ду баробар коҳиш ёфта, қимати маҳсулоти сохтмон низ ҳамин қадар боло рафтааст.
Яке аз ин ҷабрдидаҳо сокини шаҳри Ҳисор Хуршед Тоҳиров аст, ки хонаҳояш ба хотири ҷашн вайрон карда шуданд. Ӯ мегӯяд борҳо ба мақомот муроҷиат кардааст ва 4 маротиба ба қабули раиси ноҳия ҳам рафтааст. Вале посухи раис ҳамеша яксон аст: ҳамин, ки моҳонаи мардумро пардохт кардем, маблағи хонаи шуморо пардохт мекунем.

Қимати хонаҳояро ҳам ҳамон вақт 204563 сомонӣ муқаррар карда буданд. Албатта ин қимат ба маротиб камтар аз қимати аслии хонаҳо буд, аммо ҳамонро ҳам то ҳол пардохт накардаанд ва зарари Тоҳиров танҳо аз ҳисоби қурб беш аз 20 000 доллар аст. Он замон маблағи муайянкардаи мақомот ба қариб 42 000 доллар баробар буд, ҳоло бошад ҳамагӣ 21 000 долларро ташкил медиҳад. Ва замони пардохти ин маблағ ҳам ҳанӯз мушаххас нест.
Баъди ҷашн ба раиси ҳамонвақтаи шаҳри Ҳисор Усмон Сабзов аз вазифааш барканор шуд. Ӯро ба ришвахорӣ ва азхудкунии маблағҳои ҷашнӣ муттаҳам карданд. Барои иншооти ҷашнӣ он замон 148 миллион сомонӣ (ҳудуди 30 миллион доллар) ҷудо шуда буд, ки як қисматаш барои пардохт ба онҳое, ки хонаҳояшон вайрон карда шудааст пешбинӣ мешуд. Аммо ин маблағҳо ба кисаи киҳо рафтанд, то ҳол посухи мушаххасе нест.
Сабзов танҳо дар ҷашни 3000 солагӣ мардумро бехонумон накардааст. Моҳи феврали соли 2017 додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон эълон кард, ки Усмон Сабзов ғайриқонунӣ ба ҷудо кардани 400 қитъаи замин имзо кардааст, ки ин қарорҳо баъдан аз тарафи додситонӣ бекор карда шуда, заминҳо ба давлат баргардонида шуданд. Яъне Сабзов ба ивази ришва замин ҷудо кардааст, аммо соҳибони нави замин ҳам аз пулу ҳам аз замин маҳрум шудаанд.
Масъулини имрӯзаи шаҳри Ҳисор низ чандон аз Сабзов монданӣ надорнад. Хуршед Тоҳиров мегӯяд на танҳо ба муроҷиъатҳои шифоҳиаш, балки ба аризаҳояш ҳам ҳамеша посухҳои яксон мегирад. Ӯ нусхаи ду посухи мақомоти Ҳисорро ба Паём фиристод, ки дар онҳо танҳо сана фарқ мекунад.
Дар ин посухҳои ҳукумати шаҳри Ҳисор аз моҳҳои июн ва сентябри соли 2018 (баъди 4 соли вайрон карда шудани хонаҳои мардум) гуфта мешаввд барои Тоҳиров ду қитъаи замин дар ҷамоати деҳоти Деҳқонобод пешбинӣ шудааст, аммо чун ин заминҳо заминҳои кишти обӣ мебошанд, он дар баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Дар бораи пардохти маблағи хонаҳои вайроншудааш ҳам ба Тоҳиров дар ҳарду мактуб посухҳои яксон додаанд: баъд аз таъмин гардидани музди меҳнати муассисаҳои буҷетӣ масъалаи мазкур дар доираи имкониятҳои молиявӣ дида баромада мешавад.
4 сол аст, ки музди меҳнати муассисаҳои буҷавӣ ягона баҳонаи ҳукумати шаҳри Ҳисор барои пардохт накардани маблағи хонаҳои вайроншуда боқӣ мемонад.

