Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Шарти 15 миллиарддолларии Эрон барои Аврупо

$
0
0

Муовин вазири умури хориҷаи Эрон эълом кард раисҷумҳури ин кишвар ба ҳамтои фаронсавии худ гуфтааст Эрон баъд аз дарёфти 15 миллиард доллар пули нафт ё хатти эътиборе омодагии гуфтугӯ бо кишварҳои 4+1-ро дорад. 

 Аббос Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: баъд аз дарёфти 15 миллиард доллар Ҷумҳурии исломӣ омодагии гуфтугӯ бо кишварҳои 4+1-ро дорад, аммо воқеият он аст, ки ҳанӯз дар хусуси дастури кори ин гуфтугӯҳо ихтилофи назарҳои ҷиддӣ байни тарафайн вуҷуд дорад. 

Ба гузориш хабаргузории ИСНО, Ироқчӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфтааст: ба думболи тамосҳои телефонии оқои Макрун, раисҷумҳури Фаронса бо оқои Рӯҳонӣ, ба ӯ таъкид шуд, ки ё Аврупо мебоист аз Эрон нафт харидорӣ кунад ва ё муодили фурӯши нафтро ба сурати хатт эътиборе, ки бо даромадҳои нафтии Эрон тазмин мешавад ва дар ҳақиқат ба навъе ба маънои пешфурӯши нафт аст, дар ихтиёр Эрон қарор диҳад. 

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон изофа кард: мизони ин хатти эътиборӣ ҳудуд 15 миллиард доллар барои муддати чаҳор моҳ, яъне то поёни охир соли мелодӣ аст. Бад-ин тартиб дар сурат ҳусули тавофуқ Эрон дар чаҳор моҳи оянда муодил 100 дарсади нафти худро ё хоҳад фурӯхт ё ба сурати хатти эътиборӣ дарёфт ва пеш фурӯш мекунад. 

Вай хотирнишон кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунон, ки борҳо эълом кардааст танҳо дар сурате ба иҷрои комили БарҶОМ бармегардад, ки қодир ба фурӯши нафти худ ва дастрасӣ ба авоиди ношӣ аз он ба сурати комилан қобил истифода ва бидуни ҳар гуна маҳдудияте бошад ва ибтикори Фаронса дақиқан дар ҳамин росто аст. 

Ироқчӣ бо баён ин ки музокирот ба ҳеҷ натиҷа мушаххасе нарсидааст идома дод: Эрон ба ҳеҷ унвон дар робита бо хутути қирмизи худ бо касе музокира нахоҳад кард. Аз назари Ҷумҳурии исломӣ ҳеҷ музокираи муҷаддаде дар хусуси БарҶОМ сурат нахоҳад гирифт, аммо иҷрои матлуби БарҶОМ метавонад мавзӯъи гуфтугӯҳо бошад, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки тарафи муқобил кӯтоҳиҳои ҷиддӣ дар ин замина доштааст. Ҳамчунин амният дар куллияи оброҳҳои байналмиллалӣ метавонад мавзӯъи гуфтугӯ бошад. Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шарти таъмини амният ва озодии киштиҳои худ дар тамоми оброҳаҳо омодагӣ дорад дар хусуси амният ва озодии киштиронӣ дар Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз вориди гуфтугӯ шавад. 

Ироқчи бо баёни ин ки баъид аст аврупоииҳо то қабл аз 7 сентябр битавонанд гоми муассире бардоранд, гуфт: бинобарин марҳалаи севвуми коҳиши тааҳҳудот аз сӯи Эрон дар таърихи мазбур оғоз хоҳад шуд. Ин марҳала шомили бахши муҳимме аз тааҳҳудоти Эрон хоҳад буд, ки дар замони худ эълом хоҳад шуд. 

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки барномае барои дидори руасои ҷумҳури Эрон ва Амрико дар Созмони милал вуҷуд надорад, гуфт: на танҳо имкони мулоқоти дуҷониба вуҷуд надорад, балки қабл аз бозгашти Амрико ба БарҶОМ ва рафъи муҷаддади тамоми таҳримҳои ҳастаӣ, усулан заминае барои ҳузури Амрико дар ҷаласоти музокиротии Эрон бо кишварҳои боқимонда дар БарҶОМ ҳам вуҷуд надорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>