Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сабти дубораи тамоми симкортҳои телефонҳои мобилии шаҳрвандон дар Тоҷикистон

$
0
0

Ширкатҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон, сабти дубораи тамоми симкортҳои телефонҳои мобилии шаҳрвандони ин кишварро оғоз карданд.

Тибқи маълумотҳо раванди сабти дубораи симкортҳои телефонҳои мобилии шаҳрвандон дар Тоҷикистон, то моҳи апрели соли оянда- 2017 идома хоҳад ёфт .

Ин дар ҳоле аст, ки Мансур Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар охирҳои соли 2015 гуфта буд, ки ба далели истифодаи гурӯҳи Толибон аз симкортҳои телефони мобилии ин кишвар дар манотиқи марзии муштараки ин ҷумҳурӣ бо Афғонистон, зарурати сабти дубораи 7 миллион симкорт вуҷуд дорад.

У гуфта  буд, ки гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон аз ин симкортҳо истифода мекунанд, ки ин мавзӯъ, таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд .

Аммо масъулини бархе аз ширкатҳои мобилӣ таъкид мекунанд, ки ба далели афзоиши тарофаҳои ирсоли паёмак ва нархи гуфтугӯ бо хориҷ аз Тоҷикистон, акнун бояд симкортҳои телефонҳои мобилии шаҳрвандони Тоҷикистон дубора сабт шавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>