-Очаҷо-он… -бо муштчаи худ дидагонашро молида, олудаи хоб модарашро фарёд кард писарак.
Модар пушт ба девор монда, аз паси зонувон хомӯш ба нуқтае менигарист.
Як майда парешон аст…
Аз ҳаёти кажрафтор, ноамниҳои имрӯзи зиндагӣ,-охир, чанд моҳ аст ҳаммиллатони ӯ дар талоши озодӣ, балки ғолибан курсӣ бошад, аз ду ҷониб сангар гирифта, хуни ҳам мерезанд!
-беқадриҳои ҳаёти одам, қаҳтии муҳаббату меҳр дар ин хок… меандешид. Боз фикр мекард, ки ҳоло чун балои осмонӣ силоҳ ҳукмрон гаштааст дар ин шаҳр. Овозаш ҳам шунаво, пайи озораш аз он ҳам хонотар…
Куҷо рафтанд он айёми масарратбахш? Куҷо шуданд он беғубориҳо? Дар як мижа задан, — гӯё хобу хаёл бошанд, — батамом бардошта шуданд. Инак ишқ дар синаҳои ошиқон ях баста, меҳр аз қалбҳо рафтаву нопадид гашта ва…одамият тухми анқост. Аз қудратат гардам, парвардигор!-ноаён гиребон қапид зан.
-Уффф… оча-а…уъммм…
-Ҳа, ҷони оча.-аз гирдоби мағмуми андешаҳо вораста, ба писарак мутаваҷҷеҳ шуд ӯ.
-Гушна мондам.-акнун рӯи кӯрпача нишаста, нигоҳи чашмони ҳанӯз хоболудашро умедвор ба модар дӯхт.
-Ман ҳам.., очаҷон!-аз зочабозӣ истода, бо гардани каҷ гуфт духтарча ва чақон аз ҷой хеста, бо истиғно ба оғӯши модар даромад.
-Имрӯз чӣ мехӯрем?-аввал даҳон ба хамёза кушод ва пас, гаваккашон бо назди модар расида, сар ба зонуи ӯ ниҳоду оби даҳон фурӯ бурд писарак.
-Намедонам…-ғамгин ҷавоб дод модар. Чун нолаи дилхароши барги хазон овозаш ба ҳадде ҳазин буд, ки… ба пӯсти худаш мурғак давид.
-Оши палав-а, очаҷон?- сар набардошта, боз пурсид писарак.
-Гайанг, кайтошкабийён, бо гӯшт… -ду кокули базебашро ҷунбондаву абрӯ паронда, духтарча сухани акаашро ба ислоҳ овард.
Занак алами дилро бо дандон газида, ашки чашмонашро бо иродат боздошт ва дар ҳоле, ки пайкараш аз ҳузн сангин шуда, худро хеле бемадор ҳис мекард, оҳкашон мӯйи писарчаашро парешон сохт ва вазнин аз ҷой канда шуда, аз дасти духтарчааш гирифту ба назди яхдон омад. Писаракаш аз дунбол…
Дари онро кушоду… дубора пӯшонд.
Холист яхдон.
Ва… инро медонист зан. Ҳатто медонист, ки як ҳафта пеш аз ҷараён барканда, пас аз об шудани яхаш нағзакак покиза намуда буд. Аммо ба чӣ умед ҳоло дари онро кушод, худаш намедонад. Шояд одати деринааш…
Дар назди яхдони холӣ муддате рост истода, ба андеша рафт, ки се рӯз пеш соҳиби сараш хост онро ба Аҷинабозор,-шояд аз ниҳояти берабтиаш мардум онро чунин ном гузоштаанд,- бароварда фурӯшад ва ба каму кости рӯзгор харҷ намояд. Акнун дар ин хонаи як вақтҳо аз ҷиҳози рӯзгор моломол ҳамин яхдон монда буд, ки онро зан аз дасти мардакаш ба сад илтиҷо кашида гирифт. Охир, бидуни яхдон ҳама маҳсулот: хоҳ гӯшт, хоҳ шир, хоҳ ғизои шоммонда… зуд фасод мегарданд. Боз дар пеш тобистон… Ва ҳамин тавр, холӣ бошад ҳам, ҳоло ягона ҷиҳози чашмгири хона аст. Мумкин нодуруст кард, ки шавҳарашро аз фурӯхтани он боздошт. Эҳтимол, ҳоло дастурхонашон бенон намемонд ва фарзандон низ аз гуруснагӣ шиква намекарданд. Инак дар дил заррае пушаймон аст. Ба иқрори мардакаш, худо медонад, ки ба ин қарибиҳо аз ҷои кор маош гиранд. Зеро аз ҷангҳои дохилӣ, аз гирудори бемаънии гурӯҳҳои силоҳбадаст низоми ҳаёти ҷомеа гусаста, ҳеҷ кас аз рӯзгори мардуми маошхӯри шаҳр намеандешид; ҳокимон на дар ғами раъият, балки саргарми талоши ҷоҳу қисмати худ… Пайваста бӯйи дуди ғализ меомад, бӯйи хун паҳн мегардид дар шаҳру соири қаламрави кишвар! Як замоне расид, ки ба ҳайвон қадр ҳасту ба одамӣ намонд! Пас беақл будааст вай. Беҳуда мардаки худро хафа кард ва ҳатто болои ҷаҳл таъна дод, ки мард бошӣ, аз ӯҳдаи оиладорӣ баро! Ҳар кор мекунӣ, ихтиёрат! Хоҳ дуздӣ, хоҳ ғаррӣ… Барои бачаҳо нон биёрӣ, шуд! Дар ҷавоб мармуз табассум кард мардакаш ва чизе нагуфт, махсус сухан наандохт, ки ӯ- завҷаи маҳмадоно!- худ чаҳор ҳадди суханашро андишида бинад. Бале, ин табассум бадтар аз дашном, шояд гандатар аз шаллоқ буд, ки тӯли чанд соли оиладории якҷо бори аввал чун дами буррони дашна дар дили ҳассоси зан нишаст…
Вай ҳаргиз фикр намекард, ки рӯзе суфраи як замон пурфайзу моломол аз ғизоашон ҳамин хел тамоман бенон монда, ду тифли раҳгардонаш бо чашмони ашкбор ба сӯяш менигаранд ва аз гуруснагӣ лаб ба шикоят мекушоянд. Осон нест, ба номаш модар, таҳаммули ин манзараи хеле вазнин!
Зан фикркунон гардан ёзонду токчаро аз назар гузаронд. Дар зарфи булӯрие як каф мавизу ду дона пичинӣ пайдо кард. Эҳтимол аз Мушкилкушои ҳамсоя монда бошад, -аз дил гузаронд ӯ ва зери лаб парвардигорро шукрона гуфта, он дороиро ба дасти кӯдаконаш дод. Онҳо хеле шод шуданд ва гӯё дунёе ёфта бошанд, ба ҷастухез омада, кумур-кумур пичинӣ хӯрданд, баъд дона-дона мавизи кишмишро ба даҳон андохта, низ зуд хоидаву фурӯ бурданд.
-Тамом шуд, очаҷон.-кафи холии дастонашро нишон дода гуфт духтарча.
-Боз чӣ мехӯрем?-чашми умед ба модар дӯхт писарак.
-Ҳамин замон падаратон нон мебиёрад, нони гарм..! Баъд, нон мехӯрем, ширинакои оча.- зӯран ба лаб табассум гирифт зан ва кӯдаконро ба ҳоли худ гузоштаву оҳ кашида, аз тирезаи балкон ба берун назар кард.
-Уйе-е…Нони га-айм…-хурсанд шуда, ду даст дар осмон қариб ба рақс омад духтарча.
Ҳавои шаҳр гирифта…
Сим-сим борон мезанад. Осмон ҳам ба ҳоли бандагони хокӣ ғам мехӯрад магар, сиришкаш беист, талху пуралам мерезад.
Аз кадомин як гӯшаи шаҳр садои мусалсали «Калашников» меояд. Касеро ба нишон гирифтанд, ё ҳамин хел, ба ҳоли худ, мастӣ доранд ҷангараҳо.
Як села паррандагон бим хӯрда, аз шохсорон, аз таки боми хонаҳои бисёрошён паркушоён ба ҳаво рафтанд. Ба ин ҷонваракон низ рӯзи беҳӣ нест…-ғамгин аз дил гузаронд зан.
Вай ҳарчанд ин сару садоҳоро рӯзмарра мешунид ва як майда гӯшҳояш ҳам одат карда буданд, аммо… бидуни ихтиёр ҷабин чин намуд; ба ёдаш мардакаш расида, аз дер мондани ӯ андак ба ташвиш омад. Ин хел одат надошт вай. Дарсаш ки, тамом шуд, зуд ба хона бармегашт. Аммо ҳоло…
Дер мемонад ӯ.
-Худоё, дар паноҳи исматат нигаҳ дор!-пичиррос зад зан ва филфавр аз дил гузаронд, ки кош давлати сараш бо дасти пур меомад, вагарна…-дар тӯли рӯз бори чандум буд, ки оҳ кашид ва ба ҳар хел хаёлҳо рафта, акнун оринҷ ба пештахтаи тиреза ниҳод.
Мошине дар пеши даромадгоҳи хона истод ва аз он бо ду тӯрхалтаи пур низомие фаромад. Ҳамсояашон…Мегӯянд, ки дар куҷое командир аст… Агар шавҳари ӯ низ қумондон мебуд, дар ин рӯзҳои мураккаби зиндагӣ ба пулу мол зор намешуданд. Афсӯс, ки соҳиби сараш муаллим, устоди мусиқист ва дар кадом як мактаби ҳунарҳои зебо кор мекунад. Дар шаҳре, ки мудом бӯйи хун ба димоғ менишинад, номаш мусиқӣ ба гӯши кадом бандаи беҷомағз мефорад?! Шиками гуруснаву … мусиқӣ!-лаб инҷ намуд зан.- Намефаҳмад вай. Чаро шавҳараш ба ин касб ин қадар дилбаста аст, фаротар, кана барин часпидааст? Ҳоло садҳо нафар табдили кор карда, ба навъе бори рӯзгор мекашанд. Вале падари бачаҳои ӯ ба пешаи худ содиқ монданист, маромаш: нахӯраду напӯшад ҳам, асло аз дутору ғиҷҷак… ҷудо набошад! Аҷиб, ба лақидан забони вай мӯй баровард, вале хонаобод ҳеч гардан нафаровард нафаровард. Ва ҳар дафъа ӯро сӯзонда дар ҷавоб табассуме менамуду дубора аз паи диринг-диринги худ мерафт. Хайр, ҳамин шаб ба хона баргардад..!-Дар дил қасд кард зан.- …дурусттар афшонда, тобашро бар ҷой наорад, завҷаи фалонӣ набошад!
Рӯз кайҳо гашт карда, домани шаҳр ба торикӣ мепечид.
Вале ҳанӯз шавҳари зан бедарак аст.
Вай аз балкони ошёни сеюм, ба пештахтаи тиреза вазн партофта, роҳи ҳамсар мепояд.
Борон ҳамон маҳин, балки вазнину ҳузнангез меборад.
Писараку духтарча ҳам саргарми бозиҳои кӯдаконаи худанд.
“Бигзор андармон шаванд.”-ба сӯи онҳо назар партофта, аз дил гузаронд зан.
Боз овози туфанг баланд шуд. Шояд дар қарибиҳо тир кушоданд, ки садояш гӯшхарош буд. Дили зан сиёҳ шуд ва гӯё таҳ кашида, дар пушташ часпид. Вай бо андоми гирифта аз тирезаи балкон дур шуд ва ба хона, назди кӯдаконаш даромад. Аз нигоҳи чашмони онҳо низ тарсу ҳаросро хонда, беихтиёр ҳар дуро ба оғӯш овард ва аз сару рӯяшон бӯсида-бӯсида дубора раҳо сохт.
Ин дам занги дар садо дод.
-Уйее… додоҷонам…-хушнуд ба ҷониби дар давид духтарча ва ду кокули зебояш алвонҷ хӯрда, ба сурури ӯ ҷӯр шуданд.
-Дадаҷонам омаданд. Дадаҷо-онам…-низ хурсанд то лаби дар давида рафт писарак.
Зан кӯдаконро қафотар тела дода, низ масрур дарро кушод.
Мӯйсафеде ба асои худ такя оварда, дар дами дар меистод, ки ҳоли низоре дошт; ранги рӯяш зард, балки хокистарӣ, либоси танаш тамоман фарсуда, сад дарбеҳу аз нав дарида, калӯши кӯҳнае дар пой…
-Салом, духтарам!
-Сало-ом…
-Бубахш, ҷони бобо. Агар дорӣ, як пароха нонам бите. Гурезаем мо. Набераҳом ду рӯз аст, ки намак начашидаанд.-бо гардани каме каҷ арзи муддао намуд мӯйсафед.
-Садқаи суханатон, аммо надорам, бобоҷон. Кӯдакҳои худам гуруснаанд.
-Хайр, ҳеч боке нест. Раҳмат, духтарам, раҳмат. -зуд ба роҳи омадааш аз зинаҳо поён рафт мӯйсафед.
Зан то ба ошёни дигар хамбидани мӯйсафед дар дами дар рост истод ва акнун дари даромадро бастанӣ буд, ки боз овози мӯйсафед ба гӯшаш нишаст. Баъд овози падари бачаҳояш…
-Худованди карим ҳар талабу мақсуду ҳоҷоте дорӣ, баровардаи хайр бигардонад!
-Ҳеч гап нест, падар. Ин рӯзҳо мегузаранд.
-Илоҳо даври бачаҳакота бинӣ, дидани камолашонро насибат гардонад. Илоҳо кам нашавӣ писар…
Дур рафт магар, бо ҳамин овози мӯйсафед пасту шарфаи пои ҳамсараш шунавотар гашт.
Ва…ана қаҳрамони ӯ!
-Дадаҷон! Дадаҷон! Дадаҷонам омаданд…-хурсандӣ карданд кӯдакон.
-Хайрияте…
-Чӣ гап?-гуё воқиае рӯй надода бошад, бепарво пурсид мард.
-Қариб буд дилам аз хонааш барояд.
-Хавотир накаш, омадам акнун.-ба умқи афкори бонуи хонадон рафта, ҷавоб дод вай.
-Худоро шукр.-борхалтаро аз дасти ӯ гирифт зан ва абрувонаш сар ба сар, кушода, ба дарунаш нигарист. Се дона нон, миқдоре сабзавот…
-Лекин, мардак, ёфтед вақти садақа доданро!- бо зарда гуфт зан.
-Ба мӯйсафед?
-Ҳа! Боз ба кӣ мешуд?
Мард бо рамз табассум кард ва:
-Садақа вақт надорад, занак. Шунидӣ дуоҳои мӯйсафедро? Чӣ хел хурсанд шуд бечора…
-Шунидам, шунидам…-ду пора аз лабаш шикаста, ба дасти кӯдакони интизораш нон қапонд ва ҳамчунон ғашаш омада посух дод зан ва омехта бо итоб ба шавҳар нигарист, ки ранги рӯяш дока барин канда буд.
-Сиҳат ҳастед, хӯҷаин?!-акнун заррае мулоим талаффуз намуд вай.
-Сарам…сарам чарх мезанад.-либоси хонагӣ пӯшида, бемадор посух дод ӯ ва ба рӯи кӯрпача нишаст.
-Ҳа дадаҷонаш, чӣ шуд ба шумо? Чашматонро кушоед!-фиғонаш ба осмон хеста, кадре тарсолуд гуфт зан ва тозон ба ошхона гузашта, ба як пиёла оби сард оварду ба рӯи шавҳар пошид. Вай аз таъсири оби хунук ба худ омада, оҳиста чашмонашро кушод ва нафаси амиқе кашида, ишора намуд, ки ташвиш накашад. Ин дам аз остини куртаи вай ба пеши зонувони зан пахтаи хунолуде афтод. Як зарра рамида, балки фикраш хӯсида, нигоҳи савол ба рӯи мард гардонд ва посухе наёфта, нохост чашмаш ба шаҳраги ӯ афтод, ки хурдтар аз танга доғи кабуде дошт ва пайи сӯзан намудор буд. Яқин хун додааст! Шиками гурусна… Ва боиси бемадориаш низ ҳамин аст.-ба таври худ хулоса намуд бонуи хонадон.
Баъд… чун тири милтиқ аз дилаш гузашт:
-Мумкин ин нону маҳсулотро ба ивази хуни худ харида бошад…-Оби чашмонаш марҷонвор дурахшида дасти инак каммадори шавҳарро ба сина ҷафс намуд ва дар ҳоле, ки саросари вуҷудаш ба ҳисси ифтихор пур мешуд, он дасти ҳаётбахшро ба лаб оварда, бӯсидаву бӯида бо оби дидагон тар кард.
Шариф Халил
Нависандаи тоҷикзабони муқими Узбекистон