Бино ба гузориши Оҷонсии омор, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду соли гузашта 33 дарсад кам шуда, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 2 миллиарду 895 миллион долларро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 1,4 миллиард доллар камтар аст.
Коҳиши бештари тиҷорати хориҷии кишвар асосан ба соли 2015 рост омадааст. Соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта тиҷорати хориҷӣ ҳудуди 8 дарсад, ё 250 миллион доллар поён рафтааст.
Дар ҳоле, ки соли ҷорӣ тиҷорати Тоҷикистон бо аксари кишварҳои ҷаҳон коҳиш ёфтаанд, бо Чин баръакс 32 дарсад афзоиш ёфта, ба 700 миллион доллар наздик шудааст. Дар ҳамин ҳол тиҷорат бо Русия 9,3 дарсад коҳиш ёфта ҳудуи 765 миллион долларро ташкил додааст. Ин ду кишвар шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон буда, дар ҷои саввум бо 458 миллион доллар Қазоқистон қарор гирифтааст. Баъди он Туркия бо 224 миллион ва Суид (Шветсия) бо 104 миллион дар ҷои чаҳоруму панҷум қарор гирифтаанд.
Коҳиши тиҷорат тибқи омор бештар ба камшавии воридоти чӯбу маъдан ва содироти пахтаву сангҳои қиматбаҳо бастагӣ доштааст. Дар ҳамин ҳол воридоти мошину мошинолот ва масолеҳи сохтмонӣ низ бо шиддат поин рафтаанд.