Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Даъвати Арабистон аз коршиносони Созмони милал барои таҳқиқ дар бораи ҳамалот

$
0
0

Арабистони саудӣ қасд дорад аз коршиносони Созмони милал даъват кунад то дар таҳқиқоти перомуни ҳамла ба таъсисоти нафти Aramco мушорикат кунанд. Дар ҷараёни ин таҳқиқот қарор аст равшан шавад чӣ кишваре пушти ин ҳамалот будааст. Ин хабарро вазорати хориҷаи Арабистон рӯз душанбе 16 сентябр эълом кард. 

Ба гузориши Ройтерз ба нақл аз вазорати хориҷаи Арабистон, таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки силоҳҳои сохтаи Эрон дар ин ҳамла мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар баёнияи вазорати хориҷаи Арабистон омадааст, ки дар асари ин ҳамалот тавлиди нафти Арабистон ба нисф коҳиш пайдо карда ва таъсисоти нафтии яке бузургтарин тавлидкунандагони нафти хоми ҷаҳон тахриб шудааст. 

Вазорати хориҷаи Арабистон гуфтааст: “Подшоҳи Саудӣ омодааст то аз кишвар ва мардумаш дифоъ кунад ва бо қудрат ба ин ҳамалот посух диҳад.” 

Баёнияи Арабистон тасреҳ карда, ки ин ҳамалот тавлиди нафти ҷаҳониро мавриди ҳадаф қарор дода ва онро дар идомаи “иқдомоти хасмона”-и қаблӣ алайҳи истгоҳҳои полоиши нафтии Арабистон дар моҳи май донистааст. 

Ҳамалоти паҳподӣ ба таъсисоти ширкати миллии нафтии Арабистон (Aramco) дар маҷмӯаи Бақиқ ва Харис субҳи шанбе, 14 сентябр анҷом гирифт. 

Хусиҳои Яман, ки аз ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон бархурдоранд масъулияти ҳамалотро бар ӯҳда гирифтаанд. Ҷумҳури исломӣ ҳар гуна дахолати худ дар ҳамалоти паҳподӣ ба таъсисоти нафтии Арабистонро такзиб кардааст. Бо ин ҳол Иёлоти муттаҳидаи Амрико нӯги пайконро ба сӯи Эрон нишона гирифта ва Ҷумҳурии исломиро омили ин ҳамла медонад. 

Сухангӯи эътилофи арабӣ ба раҳбарии Риёз ки дар Яман алайҳи ҳусиҳо меҷангад, рӯзи душанбе 16 сентябр эълом кард, ки бино бар таҳқиқоти аввалия аз “таслиҳоти эронӣ” дар ҳамла ба таъсисоти нафтии Арабистон истифода шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>