Фардо дар Варшава, пойтахти Лаҳистон дар ҳошияи нишасти САҲА барномаи ҷонибие (Сайд-евент) таҳти ҳамин унвон баргузор мегардад. Қарор аст дар барнома мушкилоти зиндониҳои Тоҷикистон, ки бинобар фасоди густарда, шиканҷаҳои шадид ва ҳатто қатлу куштор ҷазояшон бамаротиб сахттар аз ончӣ бояд гаштааст, баррасӣ мешавад.
Дар ин конфронс меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ, дипломатҳо, мудофеъони ҳуқуқи башар, фаъолони тоҷик, фарзандону наздикони зиндониёни сиёсӣ ва дигарон ширкат хоҳанд кард.
Қарор аст дар барнома Муҳиддин Кабирӣ, рахбари ХНИТ ва ҳамзмон раиси ПМТ, Темур Варқӣ, журналист ва фаъоли сиёсӣ, Алим Шерзамонов, ноиби раҳбари ПМТ, Равшан Темуриён, журналисти муқими Канада, Абдусаттор Бобоев, раиси КШНЗСГТ, Шӯҳрати Раҳматулло, фарзанди маҳбуси сиёсӣ, Фирӯз Ҳаитов, фарзанди маҳбуси сиёсӣ ва дигарон суханронӣ кунанд.
Ин барнома фардо аз соати 8 ба вақти Варшава шурӯъ шуда то соати 9:30 идома хоҳад кард ва дар утоқи 3 баргузор мегардад.
Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди шиканҷа ва куштор дар зиндонҳоро рад мекунанд, аммо зуд зуд ҳолатҳои шиканҷа ва куштор, ҳатто куштори дастаҷамъӣ бо баҳонаи ошӯб ё масмумшавӣ расонаӣ мешаванд.