Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ФИНЛАНДИЯ

$
0
0

Финдандия дар шимоли Аврупо ҷойгир буда, бо Шветсария, Норвегия ва Русия ҳамсарҳад аст. Пойтахташ  шаҳри Хелсинки ва шаҳрҳои калонтаринаш Эспоо, Тампере, Вантаа, Турку, Оулу ва ғайра мебошанд. Саршумори аҳолӣ мувофиқи маълумоти бонки ҷаҳонӣ дар аввали соли 2019 баробар ба  5 574 ҳазор нафар буд. 93% финҳо ва 6% шведҳо ин ҷо умр ба сар мебаранд. Воҳиди пулиаш евро, коди телефонаш +358, забони давлатӣ финӣ, забонҳои инарӣ-саамӣ ва  шведӣ низ дар муошират фаровон кор бурда мешавад. Дини мардум бештар Евангели-Лютеранӣ ва насронӣ аст. Дини ислом низ дар ривоҷ буда, айни ҳол шумораи мусалмонон аз насроиҳо зиёдтар ба қайд гирифта шудааст. Яъне  баъди дини асосии финландиҳо, мавқеи дуюмро мусалмонон ишғол намудаанд. Ин ҷо дар артиши миллӣ низ аскарон намозгоҳҳои махсус доранд. Саунаҳои мусалмонон ҳам алоҳида дар ҳар шаҳр чандин адад фаъолият дорад. Мағозаҳои фурӯши гӯшти ҳалол маҳз барои мусалмонон ташкил шудааст. Ҳатто ҳизби исломӣ ҳам дар баробари ҳизбҳои дигари сиёсии давлат фаъолият мебарад. 

Финландияро аврупоиҳо кишвари ҳазоркӯла мегӯянд. Дар ин ҷо 187 888 кӯлҳои хурду бузург мавҷуд аст.  Инчунин 179 584 адад ҷазира ба ҳудуди ин давлат шомил аст.   Зиёда аз сеяки минтақаро ботлоқзор фаро гирифта, ҷангалзорони анбӯҳ низ беҳад бисёранд. Ин ҷо он қадар соҳилҳои истироҳатӣ, яъне пляж бисёр аст, ки як худи пойтахти кишвар Хелсинки 30 адад чунин ҷойҳоро дорад. Мардуми финландия қариб ҳамаашон саунаҳои шахсӣ доранд  ва баъзеашон ҳатто дар иншоотҳои баландошёна чунин шароитро омода сохта тавонистаанд. Шумораи саунаҳои дар Финландия буда, аз шумораи мошини ҳамин давлат бештар аст. 3 миллину 300 ҳазор сауна барои 5 милиону 500 ҳазор аҳолӣ ин шумора нишондиҳандаи хеле аҷиб аст. 

Асоси иқтисодиёти кишварро саноати металургия ва ҷангал ташкил мекунад. Инчунин дар киштисозӣ ва сохтани таҷҳизотҳои техникии дар истеҳсоли нефт истифодашаванда Финландия миёни дигар давлатҳо хеле пешсаф аст. Як фоизи ҷангалзори тамоми дунё дар Финландия вуҷуд дорад. Аз ин сабаб ҳам маҳсулоти коркарди ҷӯб ҳамасола ба давлат фоидаи хубе меорад. Дар истеҳсоли қоғазҳои хушсифат дар дунё ҷойгоҳи панҷумро ишғол намудааст.  Бисёр ширкатҳои истеҳсолии финӣ дар дунё машҳуранд, барои мисол Нокиа, Нестер, Финер, Стокман ва Нокиан. Инчунин бозиҳои компютерии бешуморе ихтирои финландиҳост. Зиндагии фаровонашон ҳаваскарданист, аммо чаро сафи бекоронашон афзуданаш ҳайратафзост- 10%. Ин ҷо боз тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ройгон аст, яъне аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Хушбахтии бузургест дар ин ҷо фарзанддоршавӣ, чунки на фақат модари кӯдак, балки падараш ҳам давоми 10 моҳ ба рухсатӣ мебароянд ва 80%-и  маошашонро давлат давоми 10 моҳ мепардозад. Маоши шаҳрвандони Финландия ба ҳисоби миёна 2 ҳазору 600 доллар аст. Ҳисоби миёнаи нафақапулӣ бошад, 1600 доллар. Албатта бовар кардани мо як каме душвортар аст, аммо ҳукумати Финландия сари ҳар нафар аҳолӣ моҳе пардохти 800 евро маблағро воҷиб мешуморад. Ин маблағ фақат барои он ки онҳо шаҳрванди Финландия ҳастанд. 

Соҳаи маорифи ин кишвар то ҷое яке беҳтарин тарзу усули таълим  дар дунё маҳсуб меёбад, ки аз боғчаи кӯдакон сар карда то хатми донишкадаҳои олӣ фарогирии таълим ройгон аст.  Барои дар Финландия таҳсил кардан, донистани забони финӣ зарур нест, чунки қариб тамоми аҳолии ин давлат бо забони англисӣ ҳарф мезананд. Дар як худи шаҳри Эспоо 16 адад боғчаҳои бачагонаи англисӣ фаъолият мебаранд. Хислати мардуми финландӣ содаву  ҳалолкор ва хушбовару содиқанд. Фридрих Дайҷес ном марде миёни 16 давлати мутараққӣ як амалро иҷро карда, то чӣ андоза бовиҷдонии мардумро санҷидааст. Финландия ҷойи аввалро ишғол кардааст. Фридрих 12 адад ҳамёнчаи пулдорро бо баъзе ҳуҷҷатҳо гузоштааст, ки рақами телефон дорад. Шаҳрвандони шаҳри Хелсинки 11 ададашро ба соҳибонаш баргардонидаанд. Дар форуми ҷаҳонии иқтисодӣ муайян намудаанд,ки бехавфтарин давлат айни ҳол ҳамин Финландия шуморида шудааст. 

Воқеан,бо  шиносномаи шаҳрвандии Финландия   ба монанди шиносномаҳои Шведсия ва Британия бе виза ба 175 давлат рафтан имкон дорад.   

Боз ду маълумоти хеле аҷиб пайдо кардем дар бораи Финландия. Аз маҳбаси ин давлат ҳар маҳбуси даҳҳум мегурехтааст. Посбонон куҷо  нигоҳ мекардаанд, аҷиб. Ё шояд посбонон худашон дилсӯзанд, ки ҳабсхонаро ба ҳабсхонаҳои давлатҳои диктаторӣ мубаддал намекунанд?!

Як хабари аҷиби дигар ин ки финландиҳо ҳайвони миллӣ ҳам доштаанд, ки ин хирси қаҳваранг будааст. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>