
Фишору таҳдиди мақомоти амниятӣ ва ҳукумати Тоҷикистон болои пайвандони фаолони сиёсӣ то рафт бештар мешавад. Рӯзи душанбе, санаи 16 сентябр Минож Саидмуҳиддинов, падари Фатҳуддин Саидмуҳиддинов, фаоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, маъруф ба Муҳаммади Одинабекро раиси ноҳияи Қубодиён, Файзуллозода Зафар Хайрулло даъват карда, зери фишор қарор додааст.
Сараввал, раиси ҷамоъати Тахти сангини ноҳияи Қубодиён, ки гуфта мешавад, номаш Маҳрам Яқубов будааст, ба хонаи падари Муҳаммади Одинабек рафта гуфтааст, шуморо раиси ноҳия ба хотири писар ва набераатон, ки дар Конфронси САҲА, дар Варшава иштирок доранд, даъват кардааст. Бояд оҷилан равед! Падари Муҳаммади Одинабек сараввал рад кардааст, баъдан гуфтандаш, ки бояд ҳатман равед, вагарна, бо зурӣ хоҳанд бурд.

Баъди ҳозир шудан ба ҳукумати ноҳия, раиси ноҳия, падари Муҳаммади Одинабекро бо иловаи таҳдидҳои зиёд таҳқиру дашном ҳам кардааст. Раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар Хайрулло фармудааст, ҳозир ба идораи шуъбаи Кумитаи амнияти миллии ноҳияи Қубодиён рафта худат бигу, ки писару набераам дар сафи аввали Конфронс нишаста, ширкат доранд.
Ба гуфти Фатҳуддин Саидмуҳиддинов, фаоли ҷомеаи шаҳрвандӣ маъруф ба Муҳаммади Одинабек ба эҳтимоли зиёд падараш Минож Саидмуҳиддиновро ба идораи амнияти ноҳия даъват намуда, болояш фишор овардаанд.
Ҳамин тавр рӯзи душанбе, 16 сентябр дақиқан замоне, ки падари Муҳамади Одинабекро ба ҳукумати ноҳияи Қубодиён даъват карда буданд, ба радиои Паём Муҳаммадӣ Тешаев, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тамос гирифта гуфта буд, ду рӯз аст, ки бародараш Шералӣ Тешаев зери фишор ва шиканҷаи равонии мақомот қарор дорад. Ӯро ҳатто маҷбур кардаанд алайҳи бародараш дашному фаҳшо гӯяд.
Ҳамин намуди фишорҳо ба хонаводаи дигар мухолифин низ оварда мешавад. Ҳар сол дар арафаи баргузории нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо , наздикони мухолифин зери фишору таъқиби мақомот қарор мегиранд. Ҳарчанд то ҳанӯз ин фишорҳо ҳеҷ таъсире дар фаъолияти мухолифон надоштааст, мақомот аз он дастбардор нестанд.