ҶСК “Фароз”, ки қаблан аз худбарҳамдиҳии ихтиёрӣ хабар дода буд, дар сойти расмии худ рӯйхати амволеро, ки ба фурӯш гузошта шудааст, нашр кард. Аз ҷумла, тибқи рӯйхат, ширкати “Фароз” 19 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 4 амбори нигоҳдории сӯзишворӣ ва гази моеъ, 8 пойгоҳи мошин ва як мактаби ронандагиро мефурӯшад.
Ҳамчунин дар рӯйхати амволи ба фурӯш гузошташуда 9 маркази муоинаи техникии мошинҳо ва се корхонаи истеҳсоли бетон, шағал ва хишт ҷой гирифтааст. “Фароз” ҳамчунин бинои маъмуриаш дар Душанбе ва 4 гаражи мошин дар кишварро мефурӯшад.
Гуфтанист, ҳафтаи гузашта “Фароз” дар бораи худбарҳамдиҳии ихтиёрӣ хабар дод. Дар мактуби худ ба кумитаи андоз “Фароз” аз вазъи бади худ дар бозори сӯзишворӣ бинобар рақобати сахт иттилоъ медод.
Ин тасмими бузургтарин ширкати хусусӣ ва монополисти рақами аввали кишвар мардум ва коршиносонро дар таъаҷҷуб гузошт. Ширкати Шамсулло Соҳибо, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон на танҳо аз дастгирии билоивази давлат бархӯрдор аст, балки дар ғасби рейдерии корхонаҳои дигар низ машҳур мебошад.
Худи ширкат, ки қаблан ба Умаралӣ Қувватов, поягузор ва раҳбари Гурӯҳи 24 таъаллуқ дошт, аз тарафи Шамсулло Соҳибов ғасб шудааст.