Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Гузориши Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеа дар бораи паноҳҷуён ва муҳоҷирон

$
0
0

Гузориши солонаи Сазмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеа дар бораи муҳоҷират ва паноҳандагӣ мунташир шуд. Ин Созмон аз кишварҳои узв хостааст, дар робита бо пазириши муҳоҷирон нармиш ба харҷ диҳанд. Амрико ва Афғонистон дар ин гузориш ҷойгоҳи вижае доранд. 

Бар асоси гузориши Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеаи шумори афроде, ки дар соли 2018 барои муҳоҷирати доимӣ ба як кишвари узви ин Созмони байналмилалӣ рафтаанд, нисбат ба соли 2017 ду дарсад афзоиш ёфтааст. 

Ба ин тартиб кишварҳои узви ин Созмон дар соли 2018 дар маҷмӯъи панҷ миллиону 100 ҳазор муҳоҷири доимӣ пазируфтаанд. 

Дар садри феҳристи кишварҳои муҳоҷирпазир Иёлоти муттаҳида қарор гирифтааст ва Олмон дар радаи дувум ҷо дорад. 

Анвоъи муҳоҷират 

Дар гузориши Созмон ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеа ба ин нукта ишора шудааст, ки муҳоҷират анвоъи гуногун дорад ва муҳиммтарин навъи он “муҳоҷирати кӯтоҳмуддати иқтисодӣ” аст. Ин гуна муҳоҷират афродеро дарбар мегирад, ки барои муддати кӯтоҳе дар кишвари дигаре кор мекунанд ва сипас ба кишварашон бозмегарданд. 

Шумори ин муҳоҷирон ҳамвора дар ҳоли рушд аст ва дар соли 2017 наздик ба панҷ миллион нафар расида буд, ки нисбат ба соли 2016 афзоиши 11 дарсадӣ маҳсуб мешавад. Омори дақиқи ин муҳоҷирон дар соли 2018 мунташир нашудааст. 

Ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки Полша дар садри феҳристи кишварҳое қарор дорад, ки мизбони муҳоҷирони иқтисодӣ барои муддати кӯтоҳе будаанд. Амрико дар ин маврид дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад. 

Омори паноҳандагони сиёсӣ ва паноҳҷуёни ҷангӣ 

Дар бисёре аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеа баҳс дар бораи ҷӯяндагони паноҳандагии сиёсӣ доғтар аз мавзӯъоти дигар аст, дар ҳоле, ки бар асоси гузориши ин Созмон, шумори ин гуна паноҳандагон дар соли 2018 коҳиш чашмгире доштааст. 

Дар ин сол ҳудуди як миллион нафар ба кишварҳои узв Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеа тақозои паноҳандагӣ додаанд, ки нисбат ба солҳои 2015 ва 2016 ҳудуди як севум коҳиш доштааст. 

Дар феҳристи кишварҳои мабдаи паноҳандагон, Афғонистон бо 95 ҳазору 180 ҷӯянда садрнишин аст ва сипас Сурия (бо 80 ҳазору 100 ҷӯянда), Ироқ (бо 59 ҳазору 550 ҷӯянда) ва Венесуэла (бо 58 ҳазору 990 ҷӯянда) қарор гирифтаанд. 

“Қавонин ва муқаррарот сахттар шудаанд” 

Гузориши солонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеа ҳокӣ аз он аст, ки кишварҳои узви ин созмон қавонин ва муқаррароти худ дар робита бо паноҳандагон ва муҳоҷиронро ташдид кардаанд. Ба унвони мисол онҳо беш аз пеш хостори пазириши муҳоҷирони ҳастанд, ки тахассусҳои вижа доранд. 

Қавонини паноҳандагии сиёсӣ ва муқаррароти пайвастани аъзои хонаводаи паноҳандагон ба онҳо низ сахттар шудаанд. 

Ҳамзамон бо ин сахтгириҳо шонси паноҳуҷуён барои ёфтани машоғили муносиб тахассусашон бештар шудааст. Дар соли 2018 дар кишварҳои узви Созмон ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеа нишондиҳандаи иштиғоли муҳоҷирон нисбат ба сокинони аслии ин кишварҳо танҳо 2,4 дарсад камтар будааст. 

 Ин Созмон ёдоварӣ кардааст, ки кишварҳои узв, дар ин замина ҳамранг нестанд; Ба унвони мисол дар Фаронса ва Италия танҳо 40 дарсади тамоми муҳоҷирон шуғл пайдо кардаанд. 

“Бояд нигаронии мардумро ҷиддӣ гирифт”

Дар гузориши Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеа тавсия шудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба шумори болои муҳоҷирон дар кишварҳои узв, бояд нигаронии сокинон аслии ин кишварҳо ҷиддӣ гирифта шавад. Ин Созмон таъкид мекунад, ки давлатҳо бояд ба пурсишҳои мардум дар бораи шумори муҳоҷирон, гурӯҳҳо, вобастагиҳои қавмӣ ва шумори аъзои хонаводаи онҳо посух диҳанд. 

Ба эътиқоди ин Созмон контроли муҳоҷирон ва чигунагии роҳёбии онҳо ба ҷомеа аз чолишҳои ҷиддии давлатҳои кишварҳои узв ба шумор меравад. 

Албатта дар гузориши номбурда таъкид шудааст, ки мардум ағлаб иттилооти нокофӣ ё нодуруст дар бораи муҳоҷирони кишварашон доранд ва бисёре аз онҳо муҳоҷиронро ба унвони як мушкил қаламдод мекунанд, дар сурате, ки пажӯҳишҳои зиёде дар ин робита нишон додаанд, ки акси ин тасаввур содиқ аст ва муҳоҷирон барои ағлаби кишварҳои мизбон манофеъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доштаанд. 

Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеа ҳамчунин тавсия кардааст, ки давлатҳои кишварҳои муҳоҷирпазир бояд ба муҳоҷирон арзишҳои маънавӣ худро биёмӯзанд ва заминаи роҳёбии онҳо ба ҷомеаи мизбонро фароҳам созанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>